Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Туй анчом ёфт. Арусро аввал ба хонаи падари бурданд.Таги чодар Парвона як зирехи тиллоиро ба гардани келинаш андохту буса карда кушапир шаветон гуфт. Наима рухсораашро пок карда зери лаб хамаамро хатуф карди гуен уро бо кирраи чашм песонид.
Парвона дам назаду дар дил гуфт:худочон ин тарафашро ба хайр гардон.Додарам ба дасти аждахо фитод,афсус.
Баьди се рузи туй домод мувофики ваъда арусро ба хонаи чорхучрагии пурчихоз ба маркази шахр бурд.Парвона баьди ду хафтаи туй хусуру хушдоманашро гирифта ба хабаргии наварус рафт.Додараш дар хона набуд.Наварус бо шими танг,майкачаи сафед,муйхои парешон онхоро хоболудона пешвоз гирифт.Хол он ки Парвона пеш аз омадан ба додараш занг зада таьин карда буд.
Наима бо кошу кавоки овезон дастархон партофт.Парвона дар танхои ба у гуфт ;арус,шарм намедори,ин либоспушиатро бин,пеши хушдоману хусурам айб аст охир.Рав ягон куртаи зебои арусиатро пуш,мезебад ба ту либоси милли.
-Ту худат кии,ки ба либоспушии ман кордор мешави?Хусуру хушдоманат ба ман чи кор доранд?Ман шу дорам,у ичозат додааст.
Ман ранги ту кишлоки нестам-баланд-баланд шунавонида дод зад Наима.
-Бас кун,чой дам кун.Ман худам хурок мепазам-газабашро базур нигох дошта гуфт Парвона.
Ба додаракаш занг зад.
-Ассаллому алайкум ва рахматуллохи баракатух Вайсиддинчон.Мо хонаат омадем, ту нести ?
-Ман омада истодаам, арус гуфт ош мепазад.Хуш омади апачон.
-Арус ош мепазад мегуяд ку шавхарат.
-Ман дар хаётам ош напухтаам.Гуфтам ба марлакчонам,ки худат биё паз-бо нозу ишва гуфт Наима.
Парвона то омадани додаракаш зуд як оши палави бомазза пухт.Наима то омадани шавхараш даррав худро орову торо дода курта почомаи заратлас пушид.Хеле зебанда буд.Ногах телефонашро гирифта болои деги ош омаду дар сахифаи Инстаграмаш чунин гуфт;салом подписчиков азиз,ман имруз ош пухтам барои мардакчонам.Ана бинед,чи хел ман келини чаконам ва дастонашро алвонч дода раксид.
Ин лахза уро Парвона ки назорра мекард,якбора асабаш вайрон шуда гуфт:чи ту аруси нав дар интернет худро нишон медихи?Охир ту мусулмон хасти,увол аст чунин кору кирдор.
-Э ту не современный кишлоки хап кун.
Хамин дам дар кушоду Вайсиддин даромад.
У баьди салом алейк бо мехмонон ба ошхона омада апаашро огуш кашид:хуш омади апачон.Бах бах буйи оши бомазза.Арус,ку ича бие, пазмонат шудам гуён Наимаро буса.кард.
Наима нозкунон уро огуш кашид.
То бегохи сухбат карда нишастанд.Сипас онхоро Вайсиддин бо мошинаш то истгохи афтобусхо бурда монду ба апааш як микдор пулро мачбури дода гуфт:апачон, ягон шоколад аз номи ман барои чиянхо бихар.
Парвона дар дил мегуфт:хайфи додаракам бо ин зани гар окибаташ чи мешуда бошад ?
Худочон кумакаш кун.
Додаракаш зуд зуд ба деха, ба хабаргирии апааш меомад.Хавлии падариашон баьди борони сел омадан галтидаву шикаста сахт осеб дида буд.
Вайсиддин гуфт, ки хавлиро дигар таьмир намекунад,ба ягон кас арзонакак фурухта пулашро бо апааш ду таксим мекунад.Аммо Парвона бо исрор гуфт ки хавлии падару модарамонро намефуруши.Язнаат камтар пул чамь кунад,ба ту медихему хавлиро мегирем,агар зид набоши.
Вайсиддин рози шуду гуфт,апа хавлиро ба ту бахшидам,ман ягон даво надорам.
Парвона бо шавхараш баьди зан додани додаршуяш кучида ба хавлии падари омаданд.Шавхараш ба мухочират рафта каме пул кор кард ва хавлиро аз нав бардошт.
Боре Парвона бо шавхару кудаконаш ба мехмони хонаи додар омаданд.Додаракаш дар кор буд.Дар остонаи дар Наима бо шиками дамида саломи онхоро алейк нагирифта гуфт:худат кам буди,боз шута кати кудакот оварди.Намебини,ки дасту пойи ман вазнин аст.
-Бори дигар ассаллому алайкум келин. Рох медихи дароем хонаи додарам?
-Дароед.
Ин дам шавхари Парвона бисер асаби шуду гуфт;занак, савготихоро деху зуд бармегардем.
-Охир чанд мох аст додаракам дар сафари хидмати буд,надидамша,ёд кардам.
-Ту исто,додаратро бин,ман кудаконамро бозгашт гирифта ба деха меравам.
-Равед язна-писхандомез гуфт Наима
Парвона хам хост бозгардад.Аммо чи фикре ба сараш омаду гуфт:
-Отаи кудако,шумо равед кишлок,ман додарама мебинаму гашта меоям.
-Майлаш, худата эхтиёт кун занак.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1