Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Сабо кудаконро дар утоки алохида бурда хобонду худаш намози бомдод хонд.Сипас ба шавхараш паёмак навишт,ки ахволи модари бачахояш чи хел аст?
Мурод ба у занг зада гуфт;
-Медони,ман дар бораи зан доштанам хеч гох ба ту нагуфта будам.Аммо худат дарк карди,ки ман дигареро дуст медорам самими.Париваш дар детдом(ятимхона)калон шудааст.Ман бо у тасодуфан хангоми имтихон супори дар донишгох шинос шуда будам.Бо як дидан ошикаш шудам.
Аммо падару модарам,сагераи бе авлод аст,ки медонад,ки падару модари у ки буданд,шояд хунаш харом аст гуён ичозат надоданд,ки ман уро бигирам ба зани.Ман ноилоч хотири мухаббатам уро пинхони никох кардам.Баьди 7 мохи зиндагиям бо Париваш туро падару модарам ба зури туй карда доданд.Ман аввал хостам,ки шаби туй ба ту хамаашро икрор мешаваму бурда ба хонаатон мемонам.Аммо модарам чунон гирист,ки бачам,духтари хуб аст,илтимос хотири ман бо у зиндаги кун.Аз ту чи меравад?Бо Паривашат хам зиндаги кун.Холо замона хамин.Уро ки дуст дори,инашро то дами маргат напартову эхтиром намо.
Хамин тавр ман дузана шудам.Ту зани бехтарини,аммо ман бо такрор мегуям,ки дил банди дигарест.Маро бубахш.
Сабо охи сарде кашиду гуфт:
-Мардак,ман туро дуст медорам ва ин бароям басанда аст.То дами маргам вафодорат мемонам.Ба такдир тан додаам.Холо ахволи занат чи хел аст ?
-Табибон мегуянд,ки ин навбат хам дар батнаш дугоник ,эхтимолан духтар аст ва мебояд бо тарики чаррохи бигиранд тифлаконро.
Умед ба Аллохи мехрубон мекунем.Ташаккур ба ту очаи кудако,ки дили маро дарк мекуни.То вакте зиндаам, туро чун гахвараки чашм парастори мекунам.
Ин дам дили Сабо дод мегуфт,гиря мекард.
...Таззоди зиндагиро бубин,бо ман чун дуст асту бо Париваш ошик.Кош як зарра он мехру мухаббаташро ба ман хам мебахшид, кош.
Худо ба ин зан боз дугоник дода истодааст.Албатта,ба ман алам мекунад,бахт чизи ширин аст,таксим кардани он бисёр мушкил аст барои зан.Аммо замин сахту осмон баланд ,аз сарнавишти навиштаи Худованд касе зур баромада наметавонад.
Бе ту ман танхоям,эй мард!
Бе ту ман танхоям,эй мард!
Дафтари хотирахоямро зи номат пур месозам,
Сабо аз паси таер кардани ноништа шуд. Ширбиринчу халвои тарак пухта ба кудакон доду духтараконашро ба мактаб гусел кард.Писарони шавхарашро бошад бо тамошои филмхои тасвири машгул сохт.
Ногах Хасан ба Хусайн гуфт;
-Очаам гуфт,ки дар хонаи холаи дигари харгиз хурок нахуред.Аммо ин ширбиринч бомазза буд.
-Хо манам хурдам,аз ширбиринчи очаам бомаззатар.Охир ин хола зани дадамон аст.
Сабо ин гуфтугуйи онхоро фахмида карахт шуд.
Хис кард,ки Париваш нихоят ба у рашк дорад ва душмани чонаш медонад.
...Эх зани беакл,наход ман ин тифлакони беозорро азоб дихам. Мехр,мухаббати шавхарам пурра аз худат аст,пас чаро бехуда рашкам мекуни.Ман хамчун зан барои Мурод вучуд надорам.Ман келини очаи рахматиаш будам ва мемонам.
Карибихои нисфирузи Мурод занг зада гуфт:
-Очаи кудако,дугоник шохдухтархоям таваллуд щуданд.Хазорон бор шукр,камтар тухмбирену гармсуз бипаз,омада мебарам.
-Майлаш,мардакчон ,гуфту якбора мисли квдак баланд гиря кард.
Сабо хеч пеши рохи рашкашро гирифта наметавонист.Мехост,ки ин лахза Париваш бимирад.
Мурод бо чехраи шукуфон осемасар ба хона омаду хуроки гармро гирифта баромада ба назди Париваш рафт.
...Ох дилаки.дардмандаме..худое ба дилам ороми бубахш.“Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-, иншоаллоҳ ин хам мегузарад.
Баьди таввалуди тифлакон Паривашро ба хона бурд Мурод.
Аммо якбора дар даҳон ва коми хамсараш сурхӣ дамида, сўзиш пайдо кард ва мудом аз он об мерафту у токат накарда дод мегуфт.
Мурод уро ба назди домулло бурд.Барои дугоникхо як занро киро карда ба хонаи Сабо овард, то ки то сихат шудани Париваш тифлаконро парастори намоянд.
Домуллои донишманд гуфт:Бод ба маънои дам аст ва дар урф як навъ бемориро мегўянд, ки одатан дар кому даҳони инсон пайдо мешавад, яъне дар даҳон ва ком сурхӣ дамида, сўзиш пайдо мекунад ва мудом аз он об меравад. Барои муолиҷаи бемории бод сураи «Фотиҳа», аввали сураи «Бақара» (ояти 1-6), «Оятулкурсӣ», охири сураи «Бақара» (ояти 284-286), сураи «Ғошия», «Шарҳ» ва сураҳои «Кофирун», «Ихлос», «Фалақ» ва «Нос» хонда мешавад. Барои муолиҷаи ин беморӣ 21 бор хондани сураи “Ғошия” низ ворид шудааст. Аз тарс,зиккии зиёд пайдо мешавад ин бемори.
Мо беморро дуо мехонем,бо амри Худо иншоааллох сихат мешавад.
Паривашро домулло се руз дуохони кард.
Холаташ камтар хуб шуд.У аз шавхараш хохиш кард,ки дигар кудаконро назди кундошаш набарад.
-Паричон,охир у бо кудаконамон хеле мехрубон аст.
-Бовар надорам,у душмани чонам аст
-Ором бош чонам,дигар намебарам.
Париваш аз шиддати рашку газаб худро идора карда наметавонист.
Якбора ба дарди васвос гирифтор шуд.
Ба назараш менамуд, ки кудакони уро зани шавхараш дуздида бурда куштанист.Дод мегуфту ба худ мепечид.Дардаш чунунвор буд.
Мурод уро барои табобат ба шахри Маскав бурд.Кудаконро ба Сабо супурду барояш ду занро хамчун ердамчи кироя намуд.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 14
Фарзанди каса нигоҳ кардан мушкилай бо имено ай кундош боша сад ба ҷону дил нигоҳ куни ки Серавно гандаи .
Аллоҳ сабрт тия
Бо иштиҳо бошен