САНЧИШ... ё садакае ки хамаро ба хаират овард.
( кисса )
Салима пагохи аз хоб хеста ба модари маъюбаш ордбирён карда, баъди гизо додани модараш чорубро гирифта ба рубучини гирду атрофи хонаашон машгул шуд.Насими форами бомдоди вазида, ба машом буи гулхои наврустаи сахни хавлиро меовард.Духтарак кор мекарду дар андешаи чи тавр гузаронидани иди саиди Фитр буд.Аз як су бемории модар, аз тарафи дигар ба ид тайёри надиданашон калби орзупарвари уро гамгин месохт.Хамаи хамсояхо барои дастархони идона аз хамин руз тайёри дида истодаанд, аммо мо хатто як тангае намеёбем, ки барои дастархони идона аз бозор харид кунем.
Салима ба хамин андешахо хавлиашонро руфта, ба назди модари бемораш даромад.Модараш ки шаб хоб накарда буд, дар ин пагохи баъди гизои сабук каме хобаш бурд.У ба хохараш ки сенздахсола буд, супориш дод, ки то модараш аз хоб хестан аз холу ахволи у хабар гираду худаш либосхои кориашро пушида ба мардикорбозори шахр рафт.Дар ин чамъомадгох ки номаш " мардикорбозор" аст, бисёртар занхо, духтарони чавони кадрас, ки кобилияти кори доранд, чамъ мешаванд.
Салима ба назди дугонахояш омад.У баъди холпурси ба Садбарг гуфт:
- Ягон заказ гирифтен?
Садбарг ки дар сурат нисбат ба у бузбала буд, ба аломати инкор сар чумбонд.
- Дар ин арафаи ид хама аз паи пухту паз аст, кор аз кучо паидо мешавад?- норизоёна гуфт Садбарг.
- Хаир каме сабр кунем, яке кор паидо мешавад,- таъкид кард Раъно.
Дугонахо машгули сухбат буданд, ки мошини сабукрави болобаланде омада дар наздашон карор гирифт.
- Ки пули бисёр кор кардан мехохад?- аз тирезаи мошин нигох кард чавони шухе.Духтарон сухани уро шухи фахмида ба мошин ва гохе ба чавон нигох карда хомуш буданд.
- Ака мебахшен пурсидан айб нест, вай чи кор будаст, ки маблаги пули калон доштаст?- пурсид Салима.
Чавон ба нигохи тааччубовари Салима нигох карда гуфт:
- Як хочатхонаи кухна аст, поруяшро бароварда ба маидони киштамон рехтан даркор аст.
Духтарон баъди шунидани номи хочатхона ва кашондани порухояш " мо бо чунин кори бадбу намеравем"- гуфта ру гардонданд.
- Ако, ман меравам, чунки модари бемор дорам, барои табобати у ба пул ниёз дорам"- фахмонд Салима.
Чавон баъди шунидани суханхои Салима аз " Чип"-аш фаромада, ба назди Салима омад.
- Дар хакикат маълум мешавад, ба ту пул даркор будаст.Ин дугонахоят ба ин бозор барои рузгузарони меоянд,- гуфт он чавон.Сипас аз дохили мошин як лифофаро оварда ба Салима дароз карду хатто ному насабу сурогаи зисти худро нагуфта мошинашро ба кор дароварда рафт.
Салима конвертро кушода ба чашмонаш бовар накард.Дар дохили хат панчох дона садсомонаи нав мавчуд буд.Духтарон вакте пулхоро шуморида дидан, ба чашм бовар накарданд.
- Ана инро садака мегуянд,- ба дугонахояш ру оварда фахмонд Салима.
( бо хохиши кахрамони кисса ман номашро иваз кардам)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5