ТУХФА
( хачвия )
Хурок мехурдам, ки телефонам занг зад.Духтарчаи нухсолаам Соро давида телефонамро, ки дар болои оинаи нилгун монда будам, бардошт:
-Ало, Соро ин туи, мешавад телефонро ба падарат дихи?- аз гушак овози хамсари дуюмам Гулракат омад.
- Дада, туро мепурсанд!- духтарчаам телефонро оварда ба ман дод.
- Гуш мекунам.
- Ало чонам якдонаам кучо шуди? Гуфти аз кор баромада бозор меравам, мо ин чо боумед ту боз пеши занат рафти,- аз гушак меомад садои хамсарам.
- Ха як сари кадам кудакхоро хабар гирам, гуфта омадам, бегохи албатта меоям,- нидо кардам ба хамсарам Гулракат ва мобилро катъ кардам.
- Дада ки буд, очаи навам буд?- ба руям нигариста пурсид духтарчаам Соро.
- Ман ба пурсиши духтарчаам ахмият надода хурокамро хурдан гирифтам.
- Духтарам ин очаи нават дадаатро чоду карда гаштаст, хамин ки ба хона омад, даррав занг мезанад.
- Ту чи мегуи занаки бедахон наход дар пеши духтарамон чунин сухан куни,- фахмондам ба хамсарам.
- Хаир рост намегум, руз инчою шаб ончо?- кавокхояшро бо хам кашида гуфт хамсарам.
- Пагох рузи иди мо ба чои тухфа гирифтану омадан, факат дар фикри хамон ачина,- садояшро паст намекард занак.
- Мемони хамин як нолаи кардаатро хурам, ё хеста равам,- гамгинона гуфтам ба занак.
- Захру зукума буху гушна ки монди, ба сари маро медави, намегуи дар ин хона чи аст, чи нест,- хамоно гур- гур мекард занак.Дидам, ки чанчоли занак поён ёфтани нест, аз сари дастархон хестам.
Рости аз вакте ки Гулракати котибаамро гирифтам, ин занам хеч не ки ба руям бо мехр нигох карда бошад.Хамин ки аз остонаи хонаам кадамамро ба дарун гузоштам, чанчолу арбада сар мешавад.
Аз хона баромада бозор омадам.Пагох рузи иди занхо.Карор додам ба харду занхо дар рузи идашон тухфахои хуб харида тухфа мекунам.
Бозори либосхои занона омадам.Аз харидори зиёд дар растахои бозор по гузошта намешавад.Ду либоси занонаи кимматро бо нархи гаронарзиш гирифта ба хонаи зани дуюмам омадам.
- Ин либосхоро ба ман гирифти чонакам?- гуён бо нозу ишваи зиёд табассумкунон мегуфт у.
- Яктояш аз ту, якеи дигараш аз очаи кудакхо,- фахмондам ба Гулракат.
- Ба очаи кудакхоро як папилин мехариди, бас буд, инхо зеби ман мардакчон,- дастонашро ба китфонам партофта мегуфт у.Дидам, ки хамсарам бисёр якрави дорад, дигар чизе нагуфтам.Сабил монад хамин дузанагиро.
- Дузанаро харду тарафи руяш сиех аст, - мегуфтанд рост будааст.Холо дар фикри пагох хастам.Ба очаи кудакхоро чи тухфа барам хаиронам?Охир ин иди бонувон харруз нест ку?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3