Қиссаи хеле хуб.
Зани мусулмонеро шавҳараш вафот кард ва бо кӯдаконаш танҳо монд. Соҳиби хона ӯро аз ҳуҷра пеш кард, чун иҷораи хонаро дода натавонист. Зан кӯдакашро гирифта ба кӯча баромад, ҳар тараф рафт, вале макони зист пайдо накард. Ҳаво ниҳоят сард буд. Кӯдаконашро дар масҷиде гузошт, то каме бошад ҳам гарм шаванд ва боз ба кӯча баромад. Дар роҳ марди мусалмони бовиқор ва зоҳиран сарватмандеро дид ва наздаш рафт, то кӯмаке талаб намояд. Чун қиссаашро нақл кард, мард гуфт:
- Далел биёр, ки суханонат рост аст.
Зан гуфт:
- Ман касе надорам, чӣ далел биёрам? Кӯдаконамро бин, дар масҷид нишастаанд.
Мард рӯй гардонду рафт.
Зани дилшикаста роҳашро давом дод ва марди яҳудии пиронсолеро дид ва ба ӯ қиссааш ва ҳодисаи бо марди мусалмон рӯйдодаро нақл кард.
Мард зуд ба тарафи масҷид равона шуд, кӯдакони занро гирифта ба хонааш овард. Ба ҳамсараш амр дод, ки таому ҷои хоб тайёр намояд. Шодии зани бечора ва кӯдакони бесаробонро ҳадду канор набуд.
Ҳамон шаб марди мусалмон хоб дид, ки қиёмат шудааст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам умматашро шафоат мекунад. Ногоҳ қасреро дид, аз ёқуту зумуррад ва дарвозаҳояш аз дурру марҷон. Мард аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид:
- Эй Паёмбар, ин қаср барои кист?
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб дод:
- Ин қасри як мусалмони яктопараст аст.
Мард гуфт:
- Эй Паёмбар, ман мусалмони яктопараст ҳастам.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт:
- Далел биёр, ки суханат рост аст. Аз зани бечорае далел пурсидӣ, акнун худат низ далел биёр.
Ин лаҳза мард аз хоб бедор шуд, ғамгин шуд, ки фурсати хуби касб кардани савобро аз даст додааст ва ба кофтукови он зан шитофт.
Пас аз ҷустуҷӯи дурудароз фаҳмид, ки марди яҳудие дар хонааш ҷой додааст ва наздаш омаду гуфт:
- Мехоҳам он занро бо кӯдаконаш ба хонаам барам.
Марди яҳудӣ гуфт:
- Ин кор имкон надорад, аз баракоти ин зану кӯдаконаш баҳравар шудаам, намехоҳам аз даст диҳам.
Гуфт:
- Ба ту ҳазор танга медиҳам, онҳоро ба ман бидеҳ.
Гуфт:
- Намедиҳам.
- Он касри зарринро оё мехоҳи бо 1 000 тангаи ночиз бихари
Ҳарчанд марди мусалмон исрор кард, яҳудӣ рад кард ва гуфт:
- Он хобе, ки ту дидӣ, ман ҳам дидам ва он қасре, ки туро ба ҳайрат овард, моли ман аст. Шабона пеш аз хоб аз баракоти ин зан ва аз даъвати ӯ ману ҳамсарам ва тамоми оилаам исломро пазируфтем.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва ӯ он қасри ҷаннатиро ба ман нишон дод ва гуфт:
- Ба он зану кӯдаконаш некӣ кардӣ, Аллоҳ ба ту ин қасрро дар ҷаннат хоҳад дод.
Қасам ба Аллоҳ, агар молу мулки тамоми ҷаҳонро ба ман диҳӣ, ин зану кӯдаконашро раҳо нахоҳам кард ...✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7