Иқдоми сӯбҳи рӯзи Ҷумъа!
Имрӯз, сӯбҳи рӯзи ҷумъа дар истгоҳи шаҳраки ҳарбиёни Гипрозем мунтазири маршруткаи рақами 2 будам, ки ба кор равам. Баъди чанд вақт маршрутка ҳам омаду, лекин дар оинаи рӯ ба рӯи ронанда навиштаҷоти РОЙГОН навишта шуда буд. Азбаски соат 06:24 дақиқаи сӯбҳро нишон медод мусофирон кам буданду, маршрутка ҳам холӣ буд, ман дар назди ронанда нишастам. Роҳкироро омода мекардам, ки ронанда марди ҷавони қоматбаланд гуфт:
- Даркор нест
- Барои чӣ?
- Имрӯз ният кардам то нисфирӯзи ройгон ба мардум хизмат намоям
- Агар махфи набошад, сабабаш дар чист?
- Акачон бачадор шудам (табассум мекард)
- Муборак шавад.Садсола шавад. Фарзанди чандум?
- Раҳмат Акачон. Чандин бор аз ин пеш ҳам соҳиби чор фарзанд шуда будам. Аммо сетои онҳо дар тифлиашон бо сабаби маризиҳо аз олам паи ҳам даргузаштанд. То ҳол як духтарчаи ҳафтсола доштам, акнун соҳиби писар шудам гуфту ба ман нигоҳе кард.
Гарчанде дар лабонаш табассум буданд, лекин дар он чанд сонияе, ки ба рӯям нигоҳ карда буд, ҳалқаи ашкҳои шодиро дидам. Ин ҳалқаи ашкҳои ноаён нишона аз он рӯзҳои сангини ронандаро, ки ҷигарбандонашро паи ҳам ба хоки сард супорида буд, ба ёдаш меовард.
- Чи ном мондед, ҷиҳанчаро?
- Абдулло
- Беҳтарин номро интихоб намудед
- Раҳмат
- Исми шарифи худатон чист?
- Фирӯз
Имрӯз ин марди накӯпеша дар зиндагӣ пирӯз шудасту ба орзуи деринаи худ расидааст ва мехоҳад, ки дар ин рӯзи Саиди рӯзҳо хурсандияшро бо ҳамватанонаш ҷашн гирад. Падаре, ки соҳиби дунёи нав, орзуҳои ширинро дар қалбаш баҳри писари ҷаҳонпаҳлавонаш мепарварид боз маршруткаи худро манъ мекарду мусофирон ба он боло мешуданду аз суханони пулчинак хурсанд мешуданд, ки акаи ронанда соҳиби писар шудааст. Нафарони калонсолу ришсафедон пеш аз маршрутка поён шудан ба Абдуллоҷон дуои сиҳату саломатӣ ва умри дарозро таманно медоштанду ба Фирӯз роҳи сафед орзу мекарданд.
Дар навбати худ ман низ ба Фирӯз роҳи сафед орзу намуда дар истгоҳам поён шудаму бо иҷозати Ӯ аз маршруткааш баҳри шумо дӯстон аксбардорӣ намудам.
Дӯстон! Биёед дастаҷамъонаи дар ин рӯзи сафои ҷумъа даст ба дуо бардошта аз даргоҳи Худованди Пок баҳри тифлаки бо номи бузурги Абдулло сиҳатию саломатӣ ва умри дароз орзу намоем. Бигзор монанди падари бузургвораш дӯстдори ин сарзамину буми Ватани худ гардаду доим ба халқи шарифи Меҳанаш сарбаландона хизмат намояд.
Абдуллоҷон! Дар зиндагӣ Худованд ҳамсафару мададгорат бошад. Омин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 27