Қисми 12.
Пагоҳ, вакте Ёдгор ба деҳа расид, зану шавҳар дар мурғхона машғули кор буданд. Халтаҳои хӯрокаро дар кунҷ гузошта наздашон омад.
- Монда набошед, фермерҳо, - хандид Ёдгор, - аз аввал бояд муҳосибиро падар соҳиб мешуданд, нофаҳмиҳо камтар мешуд.
- Модаратон мағзи сарамро хӯрд, - гуфт Аъзам, - мегӯяд, ки даромад кирои мурғбонӣ нест.
- Хӯш, куҷояш нофаҳмост?
Аммо Гулиноз дафтар доштааст, кадом рӯз чанд дона тухми содиршуда ва маблағи аз Ёдгор гирифтаашро қайд кардааст.
- Дар мағоза даҳ дона тухм ҳафтод рубл, - сари мақсад омад Гулиноз, - Шумо дар ду моҳи аввал аз рӯи ҳисоби ман сӣ-сию ду рублӣ ба ҳар донааш пул додед, ҳамту?
- Шояд...
- Чӣ хел "шояд"?
- Ман ҳисоб накардаам, гап дар сари он, ки мағоза қуттии тухмро аз ман сӣ рубл мехарад ва пас аз ба фурӯш рафтанаш маблағашро пардохт мекунад. Яъне, як дона тухм-се рубл.
- Ба фикри шумо, ин магар арзон нест? Мурға харем, бонӣ кунем, обу донашро диҳему се рубл... Фурӯшанда коре накарда аз ҳар тухм чор рублӣ фоида мегирад. Ҳамту?
- Ман, ростӣ пули ҳамёни касро намешуморам. Аммо медонам, ки мағоза низ ба худ муносиб хароҷотҳо дорад, андоз, иҷора, маоши кормандон ва иловатан қуттии тухмхоро ҳам ӯ таъмин мекунад.
- Хуб, бовар кардам. Аммо ин пештар буд. Алҳол донаи тухм, аз рӯи пули шумооварда ду рубл ҳам арзиш надорад. Наход мо-мӯйсафедонро то ҳамин дараҷа фиреб диҳанд?
- Кӣ шуморо фиреб додааст?
- Инашро танҳо Худо медонад ва ҷазо медиҳад. Ман гумон доштам, ки шумо бақияи пулро баъди хароҷот медиҳед. Дигар ба мағоза тухм намесупорем.
- Ихтиёратон.
- Ман дар хона мурғбонӣ кунам, падаратон тухмҳоро бароварда фурӯшад.
- Гулиноз, ту чиҳо мегӯӣ? - хандид Аъзам, - дар куҷо, ба кӣ мефурӯшам?
- Ин кори шумо, таҷрибаи савдогарӣ доред. Дар сари чорроҳа мефурӯшед ё дар ягон истгоҳ, ман барои копейка аз субҳ то шом заҳмат кашиданӣ нестам.
- Ман танҳо барои машғулият, барои зиқ намонданатон мурғ харидам, - гуфт Ёдгор, - Агар хоҳед, худи пагоҳ бурда ҳамаашро ба ягон ферма месупорам, агар боъиси баҳси ману шумо бошад.
- Ман худам бонӣ мекунам, - гуфт Аъзам, - кӯмакаш ҳам лозим нест, кораш ҳам. Дар хона нишаста бароям як коса хӯрок пазад кифоя.
- Дар назди домод обрӯи маро ба замин заданӣ ҳастед? - шӯрид Гулиноз, - Ман бонӣ мекунам, шумо фурӯшед, вассалом.
- Дар ҳавои сард тухм ях мебандад, - гуфт Ёдгор, - онро танҳо дар шароити мағоза мефурӯшанд.
- Хайр фурӯшанд, ман зид нестам. Танҳо аз мо арзон нахаранд. Ё маро то ҳамон мағоза баред, худам гуфтугӯ мекунам.
- Ман аллакай бо мағоза шартнома дорам. Шумо пагоҳ ба шаҳр бароед, дигар мағозаҳоро хабар гиред. Агар бо нархи кимматтар розӣ шаванд, шартномаро бо он мағоза бекор мекунем, розӣ?
- Розӣ. Танҳо субҳ омада маро ҳамроҳӣ кунед. Ман роҳро намедонам.
- Ягон нафарро мефиристам, худам дар кор ҳастам.
Дар ҳақиқат пас аз хароҷотҳо ба волидони Гулинор маблағи ночиз боқӣ мемонд. Аз чорсад дона тухм - ҳаштсад рубл. Барои ду нафар кифоя нест. Бар замми ин ахлоташ ниҳоят ғализ. Барои Аъзам, ки ниҳоят рӯзҳои сахтро паси сар карда буд, ҳаштсад рубл маблағи калон ҳисоб меёфт. Аммо барои Гулиноз, ки ҳар моҳ дар хона нишаста аз фарзандаш пул қабул мекард, назаррас набуд, ӯ ҳарчӣ бештар мехост маблағ ба даст орад ва барои фарзандону наберагонаш дар маркази шаҳр хона харад. Вақте бори охир ба Гулинор занг зада масъалаи хонахариро ба миён гузошт, Гулинор гуфт:
- Модарҷон, хонахарӣ кори саҳл нест. Ҳатто мардуми таҳҷоӣ аз бонк карз гирифта тӯли солҳои дароз онро мепардозанд, чӣ монад мардуми муҳоҷирро?
- Ту муҳоҷир нестӣ, ту шаҳрванд ҳастӣ. Чанд сол мешавад кишвари русро обод мекунӣ.
- Обод мекунам ва маош мегирам. Давлат ӯҳдадор нест, ки шаҳрвандашро бо манзил таъмин кунад. Шитоб накунед, ҳамааш хуб мешавад.
- Кай? Пас аз сари модарат? Ёдгорҷонро фаҳмон, агар маошаш кам бошад, ба ягон ҷои сердаромад гузарад. Як дона нон нахур, ним дона хур, захира кун.
- Ёдгорҷон розӣ намешаванд, аввал шикам мегӯянд.
- Ман нагуфтам, ки гурусна гардед. Гӯштро камтар истеъмол кунед, бе ҳасибу панир ҳам рӯзатон мегузарад.
Гулинор наметавонист бо модар баҳс кунад, ӯро моҳи охирини ҳомиладорӣ ғизои хуб лозим буд, инро Ёдгор низ хуб мефаҳмид. Аммо дигар илоҷ надошт. Аз як тараф аз машғулияти падарарӯсу модарарӯсаш қаноатманд буд, аз ҷониби дигар даромади ками истеҳсоли тухм ӯро ғамгин месохт. Борҳо ба хулоса омад, ки бурда тамоми мурғҳоро фурӯшад, боз меандешид, ки сипас аҳволи Аъзам чӣ мешавад? Даромад кам ҳам, ки бошад, барои рӯзғори ду нафар басанда аст...
Аммо Гулиноз дар чанд мағоза гашта ба тухм харидор наёфт, муддате ором гашт. Ёдгор низ чун ҳаррӯза тухмро месупурду маблағро оварда ба дасти модарарӯсаш медод. Ҳарчанд мехост ба волидони ҳамсараш кӯмак кунад, аммо дар фасли сармо кори иловагӣ ёфтанаш амри маҳол буд. Қуттии заррини сигорро бурда дар Маскав фурӯхт, бар ивазаш ҳезум ва ангишт харид. Инак боз аз рӯи хабари Аъзам дар анборча ҳезум кам боқӣ мондааст. Чӣ кор кунад? Ҳамсараш дигар маош намегирад, мукофотпулиро Степаныч соҳиб мешавад. Маошашро бояд барои як моҳи оянда ва хароҷотҳои таваллудхона расонад. Бар замми ин озуқаи волидон ва иҷораи хонаи истиқоматиаш ба дӯши ӯст. Дар ҷогаҳ паҳлӯ мегашту роҳи ҳалли муаммо меҷуст. Ниҳоят ба хулоса омад, ки барои қарз ба бонк муроҷиат кунад. Алҳол розӣ буд ба ҳар гуна фоизҳо...
- Модарам пул доранд? - пурсид Гулинор.
- Намедонам, - кӯтоҳ ҷавоб дод Ёдгор.
- Доранд. Пагоҳ занг мезанам, шароитро мефаҳмонам. Аз барои ҳезум шуда қарз нагиред.
Зимистони рус то нимаҳои фасли баҳор тӯл мекашад. Фаро расидани моҳи март барои Гулиноз аллакай баҳор буд.
- Дорем камтар ангишт, басанда аст, - гуфт Гулиноз, - як мошин ҳезумро оварда чӣ кор мекунем?
- Ҳаво ҳанӯз сард, хонаи ҳамсоя, ду мошин ҳезум ва як тонна ангиштро сӯхтед., - мегуфт Гулинор, - дар шароити деҳа бисёр ҳезум масраф мешавад.
- Хонаи ҳамсоя аз тахтаҳои дар офтоб сӯхта иборат буд, дар як лаҳза сухта хокистар шуд. Ҳезумҳои харида ҳам аз дарахти санавбар - гармӣ надорад. Рӯзи гузашта падарат як даста аз беша ҳезуми арча овард, чунон гарм месӯзад, ки то ними шаб ҳавои хона мӯътадил истод.
- Аз беша ҳезум мечинед? Ҷарима мебанданд...
- Бо як даста ҳезуми мо беша хушкид? Кӣ назорат мекунад?
- Падарам пир шудааст, нагузоред танҳо ба беша. Беша гургу шағол дорад. Ман Ёдгорҷонро мефиристам, рӯзи истироҳат каме захира кунанд...
Ёдгорро маслиҳати ҳамсар хуш омад. Субҳи рӯзи якшанбе либоси гарму кӯҳнаашро дар халта гирифта ба деҳа омад. Аъзам ӯро мунтазир буд.
- Дар рӯзи истироҳат ҳам шуморо ором нагузоштем, - гуфт Аъзам, - ҳезум камтарак нарасид. Бо модаратон маслиҳат кардем, ки...
- Медонам, маслиҳати хуб кардед. Аммо фурсат кам, ҳезумро бояд ҷамъ орем.
- Як пиёла чой менӯшидед, беша намегурезад...
- Нисфирӯз, насиб.
Ҳарду либоси гармро ба бар карда ба кӯча баромаданд ва ҷониби наҳр гаштанд. Роҳи беша аз паҳлӯи наҳр мегузашт.
- Аз миёни наҳр гузашта метавонем, қабати ях ниҳоят ғафс, - роҳро кӯтоҳ карданӣ шуд Аъзам.
Ёдгор ҳарфе назада аз паси падарарӯс мегашт. Дар канори наҳр чанд мард яхро сӯрох карда моҳӣ медоштанд. Нафаре онҳоро хитоб кард:
- Дар мобайн ҷараёни об тезтар, қабати ях тунук гаштааст, пас гардед!
Аъзаму Ёдгор дар ҷояшон бозистоданд. Аъзам шояд ғафсии яхро озмуданӣ шуд, ки зарбае бо пошнаи мӯза ба ях зад. Пораи калони яхи зери пои Аъзам шикаста, худи ӯ зери об рафт. Ёдгор бошад, арғамчини дасташро як сӯ ҳавола карда, дарҳол худро аз паси Аъзам ҳаво дод, то аз дасташ дорад.. .
Моҳигирон дар як лаҳза ба ҷои яхшикаста расиданд. Ҷараёни об зери ях ҷисми ҳардуро гирифта мебурд. Моҳидорон аз тарси он, ки худ ғарқ нашаванд, дуртар истода фиғон мебардоштанд. Ниҳоят суроби ҳарду ба ҷои ғафси ях расида нопадид шуд...
Кадоме дар як лаҳза наҷотбахшонро занг зад. Ҷустуҷӯ то бегоҳ натиҷа надод...
Гулиноз ҳаракати бисёри одамонро дар кӯча дида аввал аҳамият надод, мурғонро обу дон дод, хӯрок пухт, аммо аз шавҳару домод дарак набуд. Боз ба кӯча баромад. Чанд мошини калон чароғашонро гиро карда наҳрро равшанӣ медоданд. Мардуми деҳа низ ҷамъ омада буд. Гулиноз оҳиста назди одамон рафта аз нафаре пурсид:
- Чӣ ҳодиса рух дод?
- Ду тан моҳигир зери ях рафтааст, ҷустуҷӯ доранд, - гуфт зане.
Гулиноз ҳатто гумон набурд, ки он ду "моҳигир" шавҳару домодаш ҳастанд. Пас гашт, то ҳангоми баргаштани шавҳараш хонаро гармтар кунад. Дақиқаҳо мегузаштанд, аз мардон дарак не. Боз сари кӯча баромад. Анбӯҳи одамон дар як ҷо ҷамъ омада, мошини ёрии таъҷилӣ низ расида буд. Гулиноз боз роҳ ҷониби наҳр гирифт. Чӣ гуна хиссиёте вуҷуди ӯро ба танг меовард. Худро ба издиҳом зада ба мошини ёрии таъҷилӣ расид. Ду ҷасадро дар халтаҳои сиёҳ ҷо дода, дар мошин гузошта буданд. Зери по ду ҷуфт кафш мехобид, ки яке ба кафши шавҳараш шабоҳат дошт. Онро ба даст гирифт, лаҳзае ба он дида дӯхта истод ва пуштнокӣ болои барф афтид...
Вақте ба худ омад, худро дар мошин дид. Дар сараш як зане буд, ки аз зери ҷомааш хилъати сафедаш намудор буд. Бархостанӣ шуд...
- Ором шавед, - гуфт зан.
- Онҳо канӣ? Канӣ шавҳарам?
- Худро ба даст гиред, ором шавед, - такрор кард зан.
- Шавҳарам ғарқ шуд? Ҳарду ғарқ шуданд?
- Бале. Шумо худро эҳтиёт кунед.
- Ман бояд ба духтарам занг занам.
- Ба беморхона расем, занг мезанед...
Гулиноз аз мошин фаромадан ҳамон дар ҷустуҷӯйи телефон шуд. Аз ҳамширае хоҳиш кард, ки барои занг задан кӯмак кунад.
- Рақамаш чанд? Ман занг мезанам.
- Дар хотир надорам. Рақамаш дар телефони шавҳарам ҳаст.
- Телефони шавҳаратон дар куҷо?
- Намедонам, шояд ғарқ шуда бошад... Не, дар хона... Ӯ телефонро дар хона гузошта буд... Маро ба хона баред...
Гулиноз ором намегирифт, илтиҷо мекард, ки ӯро ба хонаи духтараш баранд.
- Хонаи духтаратон дар куҷо?
- Дар шаҳр, дар наздикии боғчаи кӯдакон... Маро то боғча баред, он тарафашро медонам, - илтиҷо мекард Гулиноз.
- То субҳ дар беморхона мемонед.
- Наметавонам, мефаҳмед? Духтарамро бояд ором кунам.
- Кадом боғча? Тула як боғча дорад?
- Намедонам... Илтиҷо дорам, духтарам бева монд, ҳомиладор аст, илтимос...
- Худро камтар ба даст гиред, ҳозир ягон илоҷашро меёбем.
Гулинозро дар ҳуҷрае шинонида, ҳамшира берун рафт. Гулиноз бошад, зери лаб такрор мекард:
- Худоё, тавба кардам. Ин чӣ рӯз буд, ки ба сарам омад?
Ҳамшира бо як зани хилъати сафедпӯш баргашта омад.
- Такси даъват кунем, метавонед пардохт карда?
- Метавонам.
- Мунтазир шавед.
- Мунтазир мешавам, ором дар ҳамин ҷо меистам...
Зан рафту ҳамшира монд.
- Чӣ ҳодиса рух дод? Моҳигир шавҳаратон буд? - пурсид ҳамшира.
- Моҳигир? Ҳа, моҳигир шавҳарам буд...
- Ҳамдардии маро қабул кунед...
Дар як лаҳза такси низ омад.
- Ман суроғаи аниқи хонаро намедонам, - гуфт Гулиноз ба мошин нишаста, - Шумо ронед, дар назди боғча буд хонааш, боғчаи кӯдакон...
- Номи боғчаро медонед? - пурсид ронанда.
- Намедонам. Лекин кӯчаҳояш дар хотирам ҳаст... Ман меҳмон... Маркази савдои оинаҳояш кабуд... Фаввора дошт...
- Дар зимистон фаввора?
Шаҳрро хеле давр гаштанд ва ниҳоят хонаи духтарро дарёфт карданд.
- Ана, ҳамин хона... Қарор гиред, ман мефароям...
- Пули сафари дусоатаро кӣ медиҳад? - пурсид ронанда.
- Ман, ҳозир аз духтарам мегирам.
- Бовар намекунам, ҳамроҳатон меравам, - гуфта ронанда то хона Гулинозро ҳамроҳӣ кард.
Дар маҳкам буд. Гулиноз дарро чанд маротиба кӯфт.
- Кист? - овози Гулинор аз хона баромад.
- Ман - модари сарсахтат, дарро кушо духтарам...
- Тинҷист? - дарро кушода пурсид Гулинор.
- Аввал таксиро гусел кун...
Гулинор бо ронанда ҳисобӣ карда баргашт.
- Тинҷист? - такрор пурсид Гулинор, - чаро либосатон ифлос? Кафши хонагӣ...
Гулиноз духтарро сахт ба оғӯш гирифта ҳар чӣ овозе дошт, сар дод.
- Фалокат духтарам, фалокат... Кош забонам гунг мешуду гуфта наметавонистам... Худатро ба даст гир... Падаратро аз даст додем... Ёдгорҷонро ҳам...
- Чӣ шуд? Одама натарсонед....
- Ҳарду дар об ғарқ шуданд, моҳӣ медорем гуфта баромаданду барнагаштанд. То бегоҳ мунтазир шудам, хӯрока пухтам... Дарак не... Як вақт кӯча баромадам, ки дар соҳили наҳр одам бисёр, падару шавҳаратро аз об кашида дар соҳил гузоштаанд... Худоё, ин чӣ рӯз буд?...
- Чӣ тавр?... Охир на падарам моҳидориро дӯст медошт на Ёдгорҷон...
- Аҷал онҳоро ба наҳр бурдааст духтарам, аҷал... Аз аҷал амонӣ нест...
... Ҷасади Аъзам ва Ёдгорро рӯзи чорум ба хок супориданд, дар паҳлӯи ҳамдигар. Маросими дафн дар доираи ҳамкорони Ёдгор гузашт.
Дар ин миён тамоми мурғҳо бинобар беназоратӣ ва гуруснагӣ нобуд шуданд, Гулиноз дарвозаи ҳавлиро қулф овехта калидашро дар дасти духтар дод ва ба ватан баргашт.
Гулинор низ духтар таваллуд кард, номашро аз рӯи хоҳиши шавҳари марҳумаш Зебуниссо гузоштанд. Давлат ба Гулинор ҳамчун оилаи бесаробонмонда нафақа таъин кард...
(Поёни қисса)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 17