Намози хуфтан хонда шуду ду ракаъат суннат низ,аммо ҳанӯз ҳеҷ садое баланд намешуд.
Пас аз чанд лаҳзаи интизорӣ,ки имшаб таровеҳ мехонем ё не,якбора садои имом боло рафт.
Аллоҳу акбар,
Аллоҳу акбар,
Ло илоҳа илаллоҳу валлоҳу акбар,
Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд...
Акнун хурду бузургро маълум гашт,ки моҳи шарифи Рамазон,моҳи нузули Қуръон,моҳи раҳмату мағфирату наҷот ин шомгаҳ рахти сафар баста аст.
Иддаъе бархостанду якдигарро таҳният гуфтанд ва иддае сар поён андохта хомӯшона мегуфтанд:
Алвидоъ,
Алвидоъ ё шаҳра Рамазон!
Алфироқ,
Алфироқ,ё шаҳра таровиҳи ва хатмил Қуръон...
Бовар кунед банда ҳеҷ соле мисли имсол Рамазонро бо шукӯҳу шаҳомат надида будам.
Имсол Рамазон рангу бӯи дигар дошт.
Масҷидҳо лабрези намозгузорон.
Дар масҷиду дар коргоҳ,дар автобусу дар метро ҳамаро мебинӣ,ки Қуръон мехонанд.
Дар раҳу рӯ мардумро мебинӣ,ки аз чеҳраашин маълум аст,ки рӯзадоранд ва зери лаб зикркунон мераванд ва ёди Худоро ба ёдат меандозанд.
Кунҷҳои масоҷид чодарпӯш ва муъминон ба эътикоф рафта аз халқ буридаанд ва ба Худои хеш хилват кардаанд.
Дар Макка ҳам дида шуд,ки дар пушти Байтулҳаром то 3/4 км сафи намозгузорон тӯл кашида аст.
Ва ғайра аз ҳазорҳо нишонаҳо,ки хабар аз он медиҳанд,ки соли неке моро дар пеш аст.
Оре,яке аз нишонаҳои некӯаҳвол шудан онаст,ки мардум худро ниёзманди ба Худо донанд ва аз тақсироти хеш узр ба даргоҳи Худой оваранд.
Аммо мукофоти ниёзандиро Ӯ таъоло худ гуфт,ки "фақултустағфиру раббакум,иннаҳу кона ғаффоро.Юрсилис самоъа ъалайкум мидроро.Ва юмдидкум биамволин ва банина ва яҷъал лакум ҷаннотин ва яҷъал лакум анҳоро"
(Пас, гуфтам: «Аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, ҳамоно Ӯ Омурзанда аст,
то бар шумо аз осмон борони резанда фиристад;
ва бо амвол ва фарзандон шуморо мадад кунад ва ба шумо бӯстонҳо бидиҳад ва барои шумо ҷӯйҳо падид орад.)
Дӯстон,бародарон ва хоҳарони гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба фаро расидани Иди Саъиди Фитр муборакбод мегӯям ва дуъогӯи онам,ки ҳамеша дар хонадонатони якоякатон хушиву хурсандӣ ва дар хонаи бузурги ҳамаи мо Тоҷикистони азиз амнияту офият ва фаровониву баракат арзонӣ бошад!
Бо эҳтиром:
(И.Самеъзод)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5