Предыдущая публикация
То замин макони мост, зинда бод дӯстӣ!
Шафқату самимият кам нагардад, афзояд,
То ҷаҳон ҷаҳони мост, зинда бод дӯстӣ!
Шеъри дӯстӣ бошад ҳар куҷо танинандоз,
То равон равони мост, зинда бод дӯстӣ!
То ки ҳар диле баҳри хеш ҳамдиле дорад
Меҳр армуғони мост, зинда бод дӯстӣ!
То ба қалби мо меҳре бошаду диле бо завқ
Дӯсту меҳрубони мост, зинда бод дӯстӣ!
Ҳотамӣ, бигӯ омин андар ин дуо, то Ҳақ
Ёри ду ҷаҳони мост, зинда бод дӯстӣ!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев