ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР...
Ғусса махӯр, мусофир, ин ҷо моҳам ғарибем,
Аз дидани рӯи моҳ, як умр бе насибем.
Фарқе надорад, бе ту баҳорамон бо поиз,
Намебинӣ, шеърҳо ҳама шуданд ғамангез.
Ғусса махӯр, мусофир, онҷо, ки ҳаво бад нест,
Ин ҷо, вале осмон ашк рехтанам балад нест.
Ғусса махӯр, мусофир, фидои қалби тангат,
Фидои барги нозу он чашмони қашангат.
Ғусса махӯр, мусофир, талхи ҳавои дурӣ,
Ман ин, ки инро медонам, ки ту чи қадр сабурӣ.
Ғусса махӯр, мусофир, боз ҳам миёӣ ба зудӣ,
Моро бигуй, чӣ кардӣ, аз вақти ту набудӣ?
Ғусса махӯр, мусофир, ғусса асар надорад,
Аз дили ту медонам, ҳеҷ кас хабар надорад.
Ғусса махӯр, мусофир, ҳамеша ин ҷури нест,
Ҳамеша, ки азизам роҳат ба ин дурӣ
Комментарии 3
Пеши хешон пеши ёру пеши дустонам баред
Ҷигаратро бахудо пора кунӣ аз мо нест.
Қаҳрамонона зи ҳар офату ҳар осебаш,
Кӯдакаш гириву пуштора кунӣ аз мо нест.
Гӯиё ҷониби модар,ки дилаш месӯзад,
Гиря чун кӯдаки гаҳвора кунӣ аз мо нест.
Баҳри ободии мулке,ки зи мо безоранд,
Тани худ хаставу овора кунӣ аз мо нест.
Бикуни гар-чӣ талоше,ки муқими гардӣ,
Чора андешида сад чора кунӣ аз мо нест.
Хаста гардидаву Маҳкампурӣ нооромӣ,
Дили мотамзада ғамхора кунӣ аз мо нест.
Ҷамшеди Маҳкампур.
Ин ҳама сарсониву оворагӣ аз мо нест.
Худ кардем ҳавас! саҷда карда нафсро,
Меҳри модар аз мост,сарваташ аз мо нест.