ҶОНАМ ГАШТААСТ, СЕР ДАР ҒАРИБӢ ....
Шудам бисёр дилгир дар ғарибӣ,
Ба сони побазанҷир дар ғарибӣ.
Ба ёди модари ширинзабонам,
Ҷавон будам, шудам пир дар ғарибӣ.
Дилам дар сина дорад беқарорӣ,
Чунон гаштам нафасгир дар ғарибӣ.
Бишуд рӯзе, ки дӯстон ҷон супурданд,
Нагаштам ҳолнозир дар ғарибӣ.
Дуоям кун ҳамеша, Модари зор,
Чунин аст амру тақдир дар ғарибӣ.
Дилам хоҳад қарини ёр бошам,
Валекин дурам охир дар ғарибӣ.
Ғарибӣ дарди сахту бедаво аст,
Ки нест ҳеҷ кор ҳозир дар ғарибӣ.
Ғарибе гуфт рӯзе бо Парешон,
Ки; "Ҷонам гаштааст сер дар ғарибӣ!"
Нет комментариев