Фильтр
Все темы
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 6 ноября в 14:31

МУҲОҶИР...

Чӣ саргардону сарсон аст, муҳоҷир,
Миёни шӯру тӯфон аст, муҳоҷир.
Худоё, дастгири ҳар ғариб бош,
Ки дар кӯи ғарибон аст, муҳоҷир.
На хоби роҳату на шодии дил,
Ҳамеша чашми гирён аст, муҳоҷир.
Надорад, ғайри ту, ё Раб, дар олам,
Ҷудо аз ёру хешон аст, муҳоҷир.
Бурун аст, дар ҳисоби зиндагонӣ,
Ба кори нобасомон аст, муҳоҷир.
Ба ҳар ҷое равад, ошуфтахотир,
Дилафгору парешон аст, муҳоҷир.
МУҲОҶИР... - 960883204960
МУҲОҶИР... - 960883204960
  • Класс!16
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 2 ноября в 15:42

МОДАР....🌹

Рафтам, зи барат, боз биёям, Модар,
Рӯзе дари кулбаат кушоям, Модар.
Раҳпояки ман садқаи раҳпоиҳот,
Кай сар ба қадамҳои ту монам Модар.
МОДАР....🌹 - 960783646048
МОДАР....🌹 - 960783646048
  • Класс!26
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 29 октября в 14:49

КӢ ОЧАҶОНША ЁД КАРД ?... 🤗❤️

00:49
🤗❤️
947 просмотров
  • Класс!25
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 26 октября в 06:28

МОДАРҶОН!...❤️ ПАЗМОНАТ ГАШТААМ...

❤️Модарҷон, чашму абрӯи туро пазмон шудам...🥺аз дуриҳо шӯълаи рӯи туро пазмон шудам.
❤️Хоб мекардам, ба роҳат дар сари зонуи ту, дуру марҷон мондаву зонуи туро пазмон шудам....💔🥺❤️
МОДАРҶОН!...❤️ ПАЗМОНАТ ГАШТААМ... - 960597217120
МОДАРҶОН!...❤️ ПАЗМОНАТ ГАШТААМ... - 960597217120
  • Класс!24
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 8 октября в 12:03

ҶАБРИ ҒАРИБӢ....

🍁🍃🍁
Бишуд, ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам,
Халад, захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам.
Нахоҳад, ҳеҷ ақли солиме тарки Ватан кардан,
Ба сурат шакли одам, лек дар сират, чу ҳайвонам.
Агарчӣ дар диёру кишвари бегона озодам,
Вале аз ҳиссиёти қалб гуё, ки ба зиндонам.
Чи хуш дорам, дар ин мулки ғарибӣ зиндагонӣ,
Валекин мурдае, андар қатори зиндагонам.
Зи ҳарфи хешу пайванду Ватан дил реш мегардад,
Чӣ сон тақдир созам, ман дар ин шабҳои ҳиҷронам.
ҶАБРИ ҒАРИБӢ.... - 960179927392
ҶАБРИ ҒАРИБӢ.... - 960179927392
  • Класс!22
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 6 октября в 12:02

ГАР БИМИРАМ ДАР ҒАРИБӢ....

Гар бимирам, дар ғарибӣ Тоҷикистонам баред,
Бо дуои хайру бо оёти Қуръонам баред.
Кардааст, хотир парешонам ғарибӣ солҳо,
Баъди маргам сӯи хешони парешонам баред.
Ман барои ризқи поку пораи нон омадам,
Сӯи аҳли хонадон бо пораи нонам баред.
Ё ба Ҳисору Бадахшон ё Кӯҳистонам баред,
Ё ба шаҳри Душанбе ё ба Кӯлобам баред.
Ё ба шаҳри Исфара Панҷакенти бӯстонам баред,
Дар ғарибӣ ҷисму ҷонам сахт ранҷид илтимос,
Баъди маргам кунҷи хоки Тоҷикистонам баред.
Ҳар куҷое метавонедам гузоред, дар Ватан,
Гар маро инсон бидонед, Тоҷикистонам баред.
ГАР БИМИРАМ ДАР ҒАРИБӢ.... - 960135589984
ГАР БИМИРАМ ДАР ҒАРИБӢ.... - 960135589984
  • Класс!91
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 30 сентября в 19:01

МОДАРО, ХОКИ ВАТАН ЗАРРИН АСТ!...

Ман мусофиру ғарибам Модар,
Дур аз хоки диëри хешам.
Дилам аз захми ғарибӣ дар сӯз,
Марҳаме нест, ба калби решам.
Модаро, хоки Ватан зарин аст,
Ба Худо оби Ватан ширин аст.
Аз пайи рӯзӣ ҳама сарсонем,
Гоҳ дар гармиву гаҳ сармоӣ.
Эй, Худо, кош замоне ойем,
Боз сӯи Ватани бобоӣ.
Ҳаркӣ аз хоки Ватан берун нест,
Дарди ин сина куҷо медонад.
Мо мусофиру, вале фарзандон,
Ҳолашон чист, Худо медонад.
Модаро, хоки Ватан заррин аст,
Ба Худо оби Ватан ширин аст.
МОДАРО, ХОКИ ВАТАН ЗАРРИН АСТ!... - 960004610144
  • Класс!28
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 29 сентября в 13:04

ВО ҒАРИБӢ....

Дил муқимӣ кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар чаҳон, то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ,ки афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад, мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.
✍️КамолиХуҷандӣ
ВО ҒАРИБӢ.... - 959974564448
ВО ҒАРИБӢ.... - 959974564448
  • Класс!21
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 28 сентября в 13:04

ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР...

Ғусса махӯр, мусофир, ин ҷо моҳам ғарибем,
Аз дидани рӯи моҳ, як умр бе насибем.
Фарқе надорад, бе ту баҳорамон бо поиз,
Намебинӣ, шеърҳо ҳама шуданд ғамангез.
Ғусса махӯр, мусофир, онҷо, ки ҳаво бад нест,
Ин ҷо, вале осмон ашк рехтанам балад нест.
Ғусса махӯр, мусофир, фидои қалби тангат,
Фидои барги нозу он чашмони қашангат.
Ғусса махӯр, мусофир, талхи ҳавои дурӣ,
Ман ин, ки инро медонам, ки ту чи қадр сабурӣ.
Ғусса махӯр, мусофир, боз ҳам миёӣ ба зудӣ,
Моро бигуй, чӣ кардӣ, аз вақти ту набудӣ?
Ғусса махӯр, мусофир, ғусса асар надорад,
Аз дили ту медонам, ҳеҷ кас хабар надорад.
Ғусса махӯр, мусофир, ҳамеша ин ҷури нест,
Ҳамеша, ки азизам роҳат ба ин дурӣ
ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР... - 959953276000
ҒУССА МАХӮР, МУСОФИР... - 959953276000
  • Класс!54
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 15 сентября в 21:50
  • Класс!5
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 13 сентября в 11:40

....МАНЗИЛАМ ОМАД, БА ЁД....

....МАНЗИЛАМ ОМАД, БА ЁД.... - 959611204960
....МАНЗИЛАМ ОМАД, БА ЁД.... - 959611204960
  • Класс!29
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 9 сентября в 03:16

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! 🇹🇯❤️

🇹🇯❤️ Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 33-солагии ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоем.🤲❤️🇹🇯
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! - 959512009312
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! - 959512009312
  • Класс!33
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 5 сентября в 14:40

ҶОНАМ ГАШТААСТ, СЕР ДАР ҒАРИБӢ ....

Шудам бисёр дилгир дар ғарибӣ,
Ба сони побазанҷир дар ғарибӣ.
Ба ёди модари ширинзабонам,
Ҷавон будам, шудам пир дар ғарибӣ.
Дилам дар сина дорад беқарорӣ,
Чунон гаштам нафасгир дар ғарибӣ.
Бишуд рӯзе, ки дӯстон ҷон супурданд,
Нагаштам ҳолнозир дар ғарибӣ.
Дуоям кун ҳамеша, Модари зор,
Чунин аст амру тақдир дар ғарибӣ.
Дилам хоҳад қарини ёр бошам,
Валекин дурам охир дар ғарибӣ.
Ғарибӣ дарди сахту бедаво аст,
Ки нест ҳеҷ кор ҳозир дар ғарибӣ.
Ғарибе гуфт рӯзе бо Парешон,
Ки; "Ҷонам гаштааст сер дар ғарибӣ!"
ҶОНАМ ГАШТААСТ, СЕР ДАР ҒАРИБӢ .... - 959434981728
ҶОНАМ ГАШТААСТ, СЕР ДАР ҒАРИБӢ .... - 959434981728
  • Класс!15
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 2 сентября в 12:59

ВАТАНИ БИҲИШТОСОЯМ.....🤗❤️🇹🇯

00:26
🤗❤️🇹🇯
1 164 просмотра
  • Класс!26
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 1 сентября в 19:19

ҲЕЧ КАС, ЧУН МОДАРАМ НЕСТ....

ҲЕЧ КАС, ЧУН МОДАРАМ НЕСТ.... - 959334768992
ҲЕЧ КАС, ЧУН МОДАРАМ НЕСТ.... - 959334768992
  • Класс!45
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 30 августа в 12:10

РӮЗИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК 🥀🕋🥀

00:13
🕋❤️🕋
820 просмотров
  • Класс!26
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 28 августа в 14:49

ФИДОИ ХОНАЮ ХОНИ ТУ МОДАР!...

#ғариби
ФИДОИ ХОНАЮ ХОНИ ТУ МОДАР!... - 959215352416
ФИДОИ ХОНАЮ ХОНИ ТУ МОДАР!... - 959215352416
  • Класс!29
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 25 августа в 17:17

ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБО, ВО ҒАРИБ....

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар чаҳон, то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Мехнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсиди, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад, касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ ки афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ чон ба сахти медиҳад, мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.
✍️КамолиХуҷандӣ
ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБО, ВО ҒАРИБ.... - 959139334496
  • Класс!22
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 2 августа в 14:24

ЁДЕ АЗ ГУЗАШТА...

ЁДЕ АЗ ГУЗАШТА... - 958449840224
ЁДЕ АЗ ГУЗАШТА... - 958449840224
  • Класс!31
ШоМи🇹🇯ҒаРиБоН🇷🇺
добавлена 29 июля в 16:52
00:40
video_3253600127727.mp4
1 029 просмотров
  • Класс!7
Показать ещё