___То хонаи ман масофаи бисёр аст.
___Расмам бо ду чашми чор дар девор аст.
___Аз руйи ман оинаи ман сер нашуд,
___Оинаи ман мунтазири дидор аст.
___Дар хонаи ман ҷилди китобам монда,
___Як пар қалами пари уқобам монда,
___Ман болини ҳамсарӣ надидам умре,
___Дар болини ман ҷилди китобам монда.
___На боғи падар монду на он беди қатор,
___Аз беди қатор монда калбеди қатор.
___Он беди қатор чуби гаҳвора нашуд.
___Ё чуби аловӣ шуд, ва ё чуби мазор.
___Ҳарҷо ки намеравам дилам волаи туст,
___Дар боғи дилам шукуфтани лолаи туст.
___Қишлоқаки ман пушти маро кас нагирифт.
___Дар пушти сарам чанори садсолаи туст.
___Қишлоқаки кудакӣ хасу хори ту бас,
___Як лаҳза маро такя ба девори ту бас.
___Дар маҳфили маҳтобиву чирчираку маҳ,
___Чаҳ-чаҳ задани барги сафеддори ту бас.
Устод Бозор Собир!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев