0 комментариев
    0 классов
    ___Ҳар саҳар, ки мечинам ғунчаҳои танҳоӣ, ___Оби чашми ман бишкуфт рӯи роҳи раҳпоӣ. ___Оҳу сад алам, э дод, тавқи гиряву фарёд, ___Бастааст туро ин ҷо ошиқиву савдоӣ. ___Гулъизори манро бин ,баршукуфта дар гулшан, ___Як гуле намеёбӣ ин қадар ба зебоӣ. ___Ҷустаам нишонашро то фалак ба ҳар ранге, ___Монда кавши поямро дар замини бобоӣ. ___Ҳар гаҳе назар мекард дар китоби ҳаҷри ман, ___Дурри чашми ӯ мерехт рӯи байти ялдоӣ. ___Ошиқӣ аҷаб зебост, бо ғаму ҷудоиҳош, ___Гаҳ шавӣ ба гул печон, гаҳ расӣ ба расвоӣ. ___Шаҳди норванд ин ҷо мечакид ба лабҳоям, ___Лаб газидаю медод бӯсаҳои анвоӣ. ___Тори синаро меканд нолаҳои ширинаш, ___Метапид хуни шавқаш бо руҷӯи дарёӣ. ___Дар баёзи ин сина изи бӯсааш чун гул, ___Мондааст, ки моро кушт моҷарои гулпоӣ. ___Кӯрагоҳи оғушам бо фатири лабҳояш, ___Мепазад ду рухсораш кулчаҳои таҳҷоӣ. ___Ҳамнавои Пайдовар, моҳу ахтару ховар, ___То расад ба доди дил, он парии руъёӣ. Шараф Пайдовар Умарзода 13.01.2025.
    0 комментариев
    0 классов
    ҚИШЛОҚАКИ МАН ПУШТИ МАРО КАС НАГИРИФТ... ___То хонаи ман масофаи бисёр аст. ___Расмам бо ду чашми чор дар девор аст. ___Аз руйи ман оинаи ман сер нашуд, ___Оинаи ман мунтазири дидор аст. ___Дар хонаи ман ҷилди китобам монда, ___Як пар қалами пари уқобам монда, ___Ман болини ҳамсарӣ надидам умре, ___Дар болини ман ҷилди китобам монда. ___На боғи падар монду на он беди қатор, ___Аз беди қатор монда калбеди қатор. ___Он беди қатор чуби гаҳвора нашуд. ___Ё чуби аловӣ шуд, ва ё чуби мазор. ___Ҳарҷо ки намеравам дилам волаи туст, ___Дар боғи дилам шукуфтани лолаи туст. ___Қишлоқаки ман пушти маро кас нагирифт. ___Дар пушти сарам чанори садсолаи туст. ___Қишлоқаки кудакӣ хасу хори ту бас, ___Як лаҳза маро такя ба девори ту бас. ___Дар маҳфили маҳтобиву чирчираку маҳ, ___Чаҳ-чаҳ задани барги сафеддори ту бас. Устод Бозор Собир!
    0 комментариев
    1 класс
    Бизан борон, ки ман ҳам абриям, Бизан борон, пур аз бесабриям...****
    0 комментариев
    1 класс
    Бибор эй осмон имшаб , ки қалбам боз бетоб аст, На рӯз оромише дар дил на шаб дар чашми ман хоб аст.(?)****
    0 комментариев
    1 класс
    Шом ба хайр! #Asabı🔥
    0 комментариев
    0 классов
    Майдаҳакиёи Фосила, қисми 3.
    1 комментарий
    3 класса
    Ишқ бе дард намешавад гуфту харгӯшак худро ба оғӯши хорпуш партофт...
    0 комментариев
    1 класс
    Дунё ҳар қадар ҳам ки бад бошад, Ту муҳофизи покии қалбат бош..****
    0 комментариев
    3 класса
    _____САЛОМ ЭЙ СУБҲ ....!!! _____Зи ҳисори шаб раҳидам, ба саҳар салом гӯям, _____Гули субҳи нав шамидам, ба саҳар салом гӯям. _____Бидарид пардаи шаб, бишукуфт хандаи субҳ, _____Рухи офтоб дидам, ба саҳар салом гӯям. _____Зи шикофи дар садои қадами сапедадамро , _____Чу ба гӯши дил шунидам, ба саҳар салом гӯям. _____Ба дилам ҳазор матлаб зи паси сипоҳи хуршед _____Чу нигоҳ пар кашидам, ба саҳар салом гӯям. _____Шафақи ситораи субҳ гули сурхи осмон аст, _____Чу ба шавқ аз он бичидам, ба саҳар салом гӯям. _____Ба сипоси лутфи Яздон гули шукр мефиристам, _____Чу ба рӯзи нав расидам, ба саҳар салом гӯям... _____САМИМИТАРИН САЛОМ НИСОРАТОН АЗИЗОН !!! _____БО УМЕДИ ТУЛӮИ ОФТОБИ ЗАР
    7 комментариев
    6 классов
Фильтр
Фото
Фото
  • Класс
  • Класс
00:34
🔥🍁
25 просмотров
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё