__Салом, эй ёдҳои талху ширин,
__Салом, эй бодҳои хобу бедор.
__Салом, эй рӯзгори тору равшан,
__Салом, эй дидаҳои масту ҳушёр.
~~~Шуморо ёд кардам,
~~~Ёд кардам!
__Шуморо ёд кардам чун ғарибе.
__Ки ҳар шаб хоб мебинад Ватанро,
__Мисоли булбули ғурбаткашида.
__Ки менолад ҷудоии чаманро,
~~~Шуморо ёд кардам,
~~~Ёд кардам!
__Шуморо ёд кардам чун ятиме.
__Ки аз оғӯши модар ёд дорад,
__Мисоли моҳии афтода дар хок.
__Ба лаҳни хештан фарёд дорад:
~~~Шуморо ёд кардам,
~~~Ёд кардам!
__Фиғон аз дасти бераҳми ҷудоӣ.
__Маро аз буду нобудам ҷудо кард,
__Тани танҳо ба саҳроям бияфканд.
__Дареғогӯи даргоҳи Худо кард,
~~~Шуморо ёд кардам,
~~~Ёд кардам!
__Салом, эй бодҳо, эй ёдгорон,
__Салом, эй бодҳо, эй раҳгузорон.
__Салом, эй чашмҳои масту ҳушёр,
__Салом эй дӯстдорон, дӯстдорон.
~~~Шуморо ёд кардам,
~~~Ёд кардам!
---
А Н.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Воалейкум салам ё ки ёдум накарди