Бӯса бистонад зи рӯи қуллаҳо.
Аз муҳаббат боз вақти хайру хуш,
Рӯ биёрад низ сӯи қуллаҳо.
Қуллаҳо эй қуллаҳои сар баланд,
Дил ҳаме хоҳад,ки бошам чун шумо.
Бӯсаҳо гирам зи рӯи офтоб,
Токи ҳастам сар бисоям бар само.
Кош мебудам насими сӯбҳдам,
Мевазидам гоҳ сӯи манзиле.
Бар машоме атри гул овардаву,
Гӯш медодам ба оҳанги диле.
Кош будам ҳамчу Шамси шӯълавар,
Аз само бар сӯятон карда назар.
Меравад Заррина бар кӯи шумо
Бо насими сӯбҳу хуршеди саҳар.
🍃🍂🍃🍂🍃🍂🍃🍂🍃🍂🍃🍂🍃🍂🍃
_____Салом ба рӯзи некӯ.....
_____Дуруд ба дӯстони хубам.....
_____Рӯзатон пур аз ишқу муҳаббат......
_____Пур аз муваффақияту шодӣ......
_____Пур аз сулҳу созиш......
_____Пур аз хандаву дилхушӣ......
_____Ва пур аз хабарҳои хуб бошад.....
_____СУБХ,АТОН ОЛИВУ ПУР АЗ ХАЙРУ БАРАКАТ!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7