Рӯзгораш тира буд аз рӯзи азал.
Даҳ писарро бо лаби остини худ
Мехӯронду мепӯшондак бо оҳу дӯд.
Тифлакон, ки бе падар ятим буданд.
Рӯи дастархон ноншон ним буданд.
Хонаи берӯзист хони бе падар
Тифли ҳам зеб дорад бо падар.
Модари бечора мисли мурғи чӯҷадор.
Сӯбҳ то шом мекард дар пушта кор.
Солҳо бигзашту гаштанд калон
Ҳар яке сохтанд аз баҳри худ бом.
Модари танҳову зор андар кулба монд
Гоҳ гоҳе писарон аз пушти дар
Зиндаи кампир гуфта мекарданд гузар.
Рӯз ҳам пур шӯду пир бемор шуд.
Кампири бебахт ба дастёр зор шуд.
Вон яке гуфто занам бад ҷаҳл аст
Рӯз то бегоҳ бо ӯ ҷангу қаҳр аст.
Сӯбҳ вақто меравам аз пушти кор
Мекунад ӯ бо зани ман ғол мағол
Дигари гуфто ,ки хуштомани ман
Чанд рӯзе омада меҳмони ман
Вон дигар гуфто ,ки охир модар аст
Бин аҳволаш қариб дар ба дар аст
Ин ҳама доруву дармони пизишк
Ман надорам пайса аз баҳри харид
Кампир мешунид баҳси писар
Сард мешуд дилаш аз писар
Сар намуд боло, зи болин сар
Ман шуморо бо лаби нони касон
Кардаам то ки шавед рӯзи расон
Ҳайфи нону обу шири додаам.
Дасти худ, ман аз шумоён шӯстаям
Бо пӯли аз сари сӯзан ҷаъм кардаам
Ҳам кафан ҳам латтаҳо харидаам
Ман нагуям бар шумо дӯои бад
Ҳарчи кардед боз бинед то абад
Баъди мурдан гиряҳои зор зор
Рӯ каниву мӯ кании даҳ нобакор
Ханда гаштанд бар лаби хешу табор
Эй касифон ин гиряҳо аз баҳри чист?
Ҳар ки бар модар накард хизмат бигу ӯ кист?
Нокасасту ,нокасасту нокасаст.
Пеши мардум қадри ӯ чун як хас аст
Бар ту эй модардор!
Ин қисса бас аст.
Қадри модар ро бидон эй писар!
Ҷои модарро нагирад ҳеҷ падар.....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Ба замони хозира хам рост меояд.
Рахмат...
Мутаасифона хастанд чунин фарзандони номард.....