1- Ҳузури валӣ ва сарпараст:
Валӣ дар луғат ба маънои дўст аст ва дар
истилоҳи фақеҳони динӣ валӣ касеро мегўянд,
ки сарпарастӣ, ихтиёр ва салоҳияти никоҳи
писару духтарро дар даст дошта бошад.
- Валии писару духтар аввалтар аз ҳама падар
аст ва дар сурате, ки падар набошад,
падарбузург (бобояш) аст то кадом дараҷа, ки
пушт ба пушт дар қайди ҳаёт бошанд.
Агар аз инҳо касе мавҷуд набошад, пас тибқи
нишондодҳои мушаххас намуда дар китобҳои
фиқҳӣ дар мавриди валӣ ва сарпарасти
писару духтар амал карда мешавад.
- Писару духтари ба балоѓат расида, дар амри
никоҳи худ соҳибихтиёр мебошанд. Ҳеҷ кас
ҳаққи маҷбур кардани онҳоро барои никоҳ
надорад. Агар худи онҳо бо касе ақди никоҳ
бастанд, ҷоиз аст, хоҳ валии онҳо ба ин амр
огоҳ бошад ё набошад. Розӣ будан ё набудани
валӣ дар кори эшон таъсире надорад.
Зану марде, ки ҳанўз аз валӣ ва сарпараст
бениёз нагашта бошанд, яъне аз назари
хурдсолӣ ва ё норасоии фикрӣ (ноқисулақлӣ),
ҳанўз ҳуқуқи мустақилона зистан ва дигар
салоҳиятҳои ҳуқуқии худро соҳиб нагашта
бошанд, ҳузури валӣ ва сарпарасти онҳо барои
дуруст гардидани ақди никоҳ шарт ва зарурӣ
мебошад. Дар Сунани Абӯдовуд , таҳти
рақами 2085 ва дар Сунани Тирмизӣ, таҳти
рақами 1101 ва дар Сунани пбни Моҷа, таҳти
рақами 1881 аз Паёмбари Худо (с) ҳадис
ривоят шуда, ки ӯ (с) мефармояд: «Никоҳ
дуруст намегардад, магар бо ҳузури валӣ».
2- Ҳузури ду шоҳид:
Дар маросими ақд ҳузури ҳадди ақал ду
нафар шоҳид шарт аст. пмом Тирмизӣ дар
китоби никоҳ, дар боби 16, сафҳаи 463, дар
мавзӯи: «Никоҳ бе шоҳидон дуруст
намешавад», овардааст : «Амал бар ҳамин асл
аст дар назди аҳли илм, аз саҳобагони
Паёмбар (с) ва пас аз онҳо тобеъин ва
ғайрашон. Онҳо ( ҳамагӣ ) гуфтаанд: Ҳеҷ
никоҳе дуруст намегардад , магар бо ҳузури
шоҳидон ( ва ) дар ин ( амр ) ихтилофе
надоранд».
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (с)
фармуд: «Ҳеҷ никоҳе дуруст намегардад ,
магар бо баййина (ҳуҷҷат, шоҳид )» .
Шоҳидҳо низ бояд дорои хусусиятҳо ва
шароитҳои зерин бошанд, то шаҳодати онҳо
пазируфта шавад :
а)- Шумораи онҳо – ду нафар мард бошад ва ё
як мард ва ду зан.
б)- Мусалмон бошанд.
в)- Одил ва парҳезгор бошанд.
Меъёри адолати шахс он аст, ки аз гуноҳони
кабира ба кўллӣ дурӣ намояд ва гуноҳони
сағираро низ аксаран анҷом надиҳад.
Шаҳодати (гувоҳии) одамони зинокор,
шаробхор ва рибохор қабул нест.
3- Сиғаи ақд:
Сиғаи ақд бояд бо калимаҳои махсусе, ки
бавуҷудоварандаи ин қарордод мебошанд ва
ба замони гузашта ( мозӣ ) далолат мекунанд,
сурат бигирад, на бо калимаҳои замони оянда,
ки ифодагари ҷумлаи хабарӣ ва навъе ваъда
мебошанд.
Никоҳ бо лафзҳои никоҳ, тазвиҷ, бахшиш,
тамлик ( ба мулки касе даровардан ) ва
садақа таҳаққуқ ва эътибори айнӣ (қонунӣ )
меёбад. Мисли ин ки вакили зан бигўяд:
Зайнабро ба никоҳ ё издивоҷи ту додам ва ё
ўро ба ту бахшидам ва ё туро моликаш
гардонидам ва ё ўро ба ту садақа кардам ва
ҷониби мард ё вакили вай бигўяд: қабул
кардам.
Барои басташудани ақди никоҳ ва қарордоди
заношавҳарӣ истилоҳот ва ибораҳои махсусе
аз ҷониби шаръ ниҳода шудааст, ки ба ғайри
онҳо ақд баста намегардад.
Тафсили мавзўъи никоҳ
1- Зан ба воситаи ақди никоҳ барои мард
ҳалол мегардад. Бинобар ин, аз назари
шариъати пслом ҳамин, ки зан барои мард
ҳалол гардид, онҳо ҳақ доранд аз якдигар
коми васл ва ҳар навъ хушӣ ва
баҳрабардориҳо намоянд, ба ҷуз ҷимоъ кардан
аз роҳи ақиб, ки ҳароми маҳз аст.
2- Ҳарчанд, ки никоҳ паймони дуҷонибае дар
миёни марду зан мебошад, вале он на дар
сатҳи дигар қарордодҳои дуҷониба аст, балки
аз онҳо дида баланду бартар мебошад, чунки
Қуръони карим онро мисоқи муҳкам ва
пойбанди устувор номидааст. Дар ояти 21
сураи Нисо Худованд мефармояд:
«Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол
он ки ҳар як аз шумо бо якдигар (бо
маҳрамонатарин сурат муъошират ва) наздикӣ
намудед ва (илова бар ин занҳо) аз шумо
паймони сахте гирифтаанд».
Ақди никоҳ паймони дуҷонибае аст, ки аз
тарафи марду зан ва ё вакилу намояндаи онҳо,
дар ҳузури на кам аз ду нафар шоҳид эҷод ва
баста мегардад. Масалан, вақте зан мегӯяд:
Худро ба никоҳи ту даровардам ва мард
мегӯяд: Қабул кардам. Ё масалан, вакили зан
мегўяд: Фотима, духтари фалониро ваколатан
ба никоҳи доимӣ ва ақди ҳамешагӣ ба
муваккил фалонӣ (намояндаи мард) додам ва
вакили мард мегўяд: Фотима, дутари
фалониро ба никоҳи доимӣ барои муваккили
худ Аҳмад қабул кардам. Ё аз як тараф ин
корҳоро вакил иҷро менамояд ва аз тарафи
дигар худи ақдшаванда ҳузури шахсӣ дошта
бошад, ин гуна ақдбастанҳо саҳеҳ мебошад.
3- Шакл ва сиғаи феъли ду калимаи иҷоб ва
қабул бояд ба замони гузашта далолат
намоянд, мисли ин, ки шахсе бигўяд : Духтари
худро ба никоҳи ту додам ва ҷониби дигари
қарордод, қабул кардам бигўяд. Ё ин ки
каломи яке шакли мутолиба ва дархостро
дошта бошад, мисли ин ки мард бигўяд:
Духтари худро бо никоҳ ба ман диҳед ва ё эй
зан, худро ба никоҳи ман дарор. Падари
духтар ё худи зан бигўяд: ба никоҳи ту додам.
пн калимаҳо агар аз тарафи ҳар яке аз
вакилони марду зан, дар ҳузури ду шоҳид ба
забон оварда шаванд ҳам, ақд саҳеҳ ва баста
мегардад.
4- Аз тарафи як шахсияти донову фаҳмида
хондани хутбаи никоҳ, ки фарогири ояту ҳадис
ва панду санои Худованд аст, мустаҳаб
мебошад.
5- Як нафар метавонад дар як вақт вакили
ҳарду тарафи марду зан шавад ва онҳоро ба
ақди никоҳи якдигар дароварад. Масалан, дар
ҳузури ду шоҳид бигўяд : Оиша муваккилаи
(вакилкунанда) худро ба ақди никоҳи Маҳмуд
муваккили (вакилкунанда) худ даровардам.
6- Агар зане ба марде иҷозат дода, ки ўро
барои худаш ақд намояд, мард метавонад дар
ҳузури ду шоҳид он занро ваколатан барои худ
ақд намояд ва ба никоҳи худ дароварад.
7- Агар шахсе чанд духтар дошта бошад,
ҳангоме ки яке аз онҳоро ба шавҳар медихад,
ҳангоми бастани ақд зарур аст номи вай
шахсан гирифта шавад.
8- Шахсе ба дигаре бигўяд: Духтари худ
Марямро ба никоҳи ман бидеҳ ё дарор ва ў
бигўяд: Додам ва ё даровардам, дар ин сурат,
хоҳ тарафи дигари паймон бигўяд, қабул
кардам ва ё чизе ҳам нагӯяд, ақди никоҳ
баста мегардад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев