Бисмиллоҳ!
Нафсамро бахшидам, гуфтани зан, ва қабул кардам, гуфтани мард шарти асосии "никоҳ" ба шумор меравад. Инчунин шарт аст, ки мард ва зани хонадоршаванда ва ду нафар шоҳиди яки дар вақти "никоҳ" дар ҳозиранд, ин лафзҳоро бишнаванд. Бояд Падар ва Модар ё шахси дигар писар ё духтаро ба "никоҳ" дар маҷбур накунанд. Розӣ будани онҳо ҳам шарт аст. Мувофиқ ба қонуни ислом зан ҳақ дорад аз шавҳаршавандаи худ "маҳр" гирад локин на зиёд аз тоқат. Зеро Ҳазрати Фотима (р), ки духтари Расулаллоҳ (с) ва беҳтарини занони олам аст, "маҳраш" ниҳоят кам буд. Чунки Падари меҳрубонаш Расулаллоҳ (с) гуфтаанд: (Бобаракат тарини занҳо касе ҳаст, ки "маҳраш" кам бошад) бояд ҷавондухтарони мусалмон бинобар пайравӣ ба гуфтаи Расулаллоҳ (с) барои кам кардани "маҳрашон" кӯшиш кунанд, то оянда зиндагиашон мисли зиндагии Ҳазрати Фотима (р) хуш ва хуррам гардад. Аз маҳри зан бе иҷозати ӯ сарф кардани дигарон ҳатто падар ва модар ҳам дар қонуни ислом қатъи ҳаром шуморида шудааст.
Хутбаи "Никоҳ"
- Аъузу биллоҳи - минаш - шайтонир - раҷим . Бисмиллоҳир - раҳмонир - раҳим. Алҳамдулиллоҳ, алҳамдулиллоҳиллаҳӣ ҷаъалан никоҳа суннатан санийятан лил аноми фосилан ва қотиъан байнал ҳалоли валҳарами камоқолаллоҳу таборака ва таъоло. Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим. Бисмиллоҳир - раҳмонир - раҳим. Фанкиҳув ма тоба лакум минан нисоъӣ масно ва сулоса ва рубоъа садақаллоҳул аъзим. Ва қола Расулаллоҳи саллаллоҳу алайҳи ва саллама. "Анникоҳу суннатий фаман рағиба ан суннатий фалайса, миниий"
Аннокиҳу роғибун валманкуҳату марғувбатун валмаҳру ало мо тарозоё ва ақувлу қавлий ҳаза вастағфируллоҳа ғаффора лий ва лакум вал ҷамоъатал муслиминал муъмининал ҳозирийн. Иниаҳу ҳувал ғафурурраҳим, алкаримул алийюл аъзимус самеъуддуъо.
Акнун ба фармони Худованди ҷаҳон ва холиқу қавну ва муррабияи оламиён ва подшоҳи азал ва ҳокими лам язал ва ба шарафи суннати санийяи беҳтарини авлоди Ҳазрати одам (а) ва баргузидаи Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам ҳоҷаи Тоҳо ва Ё син ва Расули раббил оламин, яъне ба номи Ҳазрати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам. Ва ба мазҳаби сироҷи умам, яъни Имоми Аъзам муаззами кӯфи сӯфий раҳматуллоҳ ва ба гувоҳии ин ҷамоъати муслимин, ки дар ин Маҷлиси хайр ҳозиранд. Шумо, ки "фалони" духтари "фалони" ҳастед, нафс ва нафисаи худро ба ҳамин ҷавони ҳозир омода"фалони"писари фалони" ҳастанд, бар нигоҳи мусалмони додед ва бахшидедаш ба исми зани. Шумо, ки фалони писари фалони ҳастед, нафс ва нафисаи фалони духтари фалони ҳастанд, ба никоҳи мусалмони бар ду умури шаръи, ки байнаннос маълум ва машҳур аст: аввал он, ки шаш моҳ ҳалоли пайваста завҷаи худро бе нафақа намегузоред. Дуввум он ки бе ягон ваҷъи шаръи завҷаи худро ва лат додан ва гапҳои нолоиқ дар ҳаққи он зот намегуед. Аз баҳри тан ва нафси худ ҳастед ва қабул кардедаш ба исми зани.
Баъд аз ин аз тарафи никоҳкунанда 2-3оят аз қуръон хонда, дар ҳаққи келину домод дуъо мекунад.
Дуъои баъд аз никоҳ.
Борака-л-лоҳу лака ва Борака-л-лоҳу алайка ва ҷамаа байнакумо фи-л-хайр. (ин никоҳро Худованди мутаол барои ту муборак гардонад ва бар ту нузули баракат фармояд ва шумо ҳардуро дар хайру фалоҳ ҷамъ ва муттафиқ гардонад.
Ассалому алайкум ва раҳматулох
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев