Мардум чун ҳазратро диданд ҳама дар гирди ин шайхи ориф ҷамъ омаданд ва чунин гуфтанд: Эй Абуисҳоқ барои чӣ мо дуъо мекунем вале Худованд дуъои моро намепазирад ва мустаҷоб наменамояд?
Иброҳими Адҳам чунин гуфт: «Зеро дилҳои шумо аз барои даҳ чиз мурдааст»
1-) Худовандро шинохтед вале ҳақашро адо наменамоед.
2-) Даъво мекунед,ки Паёмбарамон муҳаммад(с) ро дўст медоред вале дар ҳоле,ки суннати Ўро тарк кардаед ва бе аҳамияти мекунед дар он.
3-) Қуръонро мехонед вале бо он амал наменамоед.
4-) Неъматҳои Худовандро мехуред ва истифода мебаред вале шукри онро адо наменамоед.
5-) Даъво менамоед,ки шайтон душмани шумост вале онро дар ҳама кор ва амалатон пайрави мекунед.
6-) Мегуед: ин,ки ҷаннат ҳақ аст вале барои дохил шудан ба он амал наменамоед.
7-) Мегуед: инки марг ҳақ аст вале барои он омодаги намебинед.
8-) Машғулед ба ҷустани айбҳои мардум вале аз айбҳои худатон фаромуш кардаед.
9-) Мурдагонатонро мегуронед вале аз онҳо ибрат ва панд нагирифтед.
10-) Гуфтед: Оташи ҷаҳаннам ҳақ аст вале аз он намегурезед ва дури намеҷуед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев