Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 21
СУОЛ: Нисоби Тилло чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Нисоби Тилло 85гр аст.
СУОЛ: Аз 85гр Тилло чӣ миқдор бояд закот дода шавад?
Ҷавоб: Аз 85гр тилло як чиҳиллум (яъне 2,5%)-и онро бояд закот дода шавад.
Як чиҳиллуми 85гр 2,125гр мебошад.
СУОЛ: Нисоби Нуқра чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Нисоби Нуқра 700гр аст.
СУОЛ: Аз 700гр Нуқра чӣ миқдор бояд закот дода шавад?
Ҷавоб: Аз 700гр Нуқра як чиҳиллум (яъне 2,5%)-и онро бояд закот дода шавад. Як чиҳиллуми 700гр 17,5гр мебошад.
СУОЛ: Закот аз тилло ва нуқра бояд аз ҷинси он дода шавад ё қимати онро ҳисоб карда диҳем низ ҷоиз аст?
Ҷавоб: Бале, агар қимати тилло ё нуқраро бо пул ҳисоб карда закот диҳем, ҷоиз аст.
СУОЛ: Нисоби Пули коғази ва Амволи тиҷорат чӣ гуна муаян карда мешавад?
Ҷавоб: Нисоби Пули коғази ва амволи тиҷорат аз қимати тилло ё нуқра ҳисоб карда дода мешавад.
Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 22
СУОЛ: Нисоби Буз ва Гусфанд чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Нисоби Буз ва Гусфанд чил сар мебошад.
СУОЛ: Аз чил сар буз ё гусфанд, чӣ миқдор закот бояд дод?
Ҷавоб: Аз 40 то 120 сар буз ва гусфанд бояд як Шот закот дод,
Аз 121 то 200 сар бояд ду Шот закот дод,
Аз 201 то 300 сар бояд се Шот закот дод,
Аз 301 то 400 сар бояд чор Шот закот дод,
Ва аз 500 сар 5 шот закот дода мешавад ва аз 600 сар шаш Шот бояд закот дод.
Хулоса мол аз 400 сар пештар шуд сари ҳар 100 сар як Шот изофа карда закот бояд дода шавад.
СУОЛ: Шот ба чӣ гуфта мешавад?
Ҷавоб: Шот ба гусфанд ва бузи як сола гуфта мешавад.
Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 23
СУОЛ: Нисоби Гов чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Нисоби Гов 30 сар мебошад.
СУОЛ: Аз 30 сар Гов, чӣ миқдор закот бояд дод?
Ҷавоб: Аз 30 то 39 сар Гов, бояд як гови яксола закот дод,
Аз 40 то 59 сар бояд як Гови ду сола закот дод,
Аз 60 то 69 сар ду гови як сола бояд закот дод,
Аз 70 то 79 сар як гови як сола ва як гови ду сола бояд закот дод,
Аз 80 то 89 сар ду гови ду сола бояд закот дод.
Аз 90 то 99 сар гов бояд се гови ду сола бояд закот дод ва аз 100 сар гов ду гови ду сола ва як гови як сола бояд закот дода шавад.
Хулоса: аз ҳар 30 сар як гови як сола ва аз ҳар 40 сар бояд як гови ду сола закот бояд дод.
СУОЛ: Нисоби Шутур чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Нисоби Шутур 5 сар мебошад.
СУОЛ: Аз 5 сар шутур чӣ миқдор закот бояд дод?
Ҷавоб: Аз 5 то 9 сар шутур бояд як Шот закот дод,
Аз 10 то 14 сар шутур ду Шот бояд закот дод,
Аз 15 то 19 шутур бояд се Шот бояд закот дод ва аз 20 то 24 шутур бояд 4 Шот закот дод.
Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 24
СУОЛ: Закоти зироъат ва симор чӣ гуна дода мешавад?
Ҷавоб: Закоти зироъат ва симор пас аз ҳосил ба вуҷуд омадан, дода мешавад.
СУОЛ: Зироъат ва Симор нисоб дорад?
Ҷавоб: Зироъат ва Симор нисоб надорад, ҳаргоҳе ҳосил гирифта шавад, закот аз он бояд дода шавад.
СУОЛ: Закоти зироъат ва симор чӣ миқдор аст?
Ҷавоб: Закоти зироъат ва симор Ъушр ё
нисфи ъушр аст.
СУОЛ: Ъушр ва нисфи ъушр чӣ маъно дорад?
Ҷавоб: Ъушр яъне: аз даҳ қисм як қисми он.
Нисфи ъушр яъне: аз даҳ қисм нисфи як қисми он.
СУОЛ: Аз зироъат ва симор дар кадом ҳолат ъушр ё нисфи ъушр закот дода мешавад?
Ҷавоб: Ҳаргоҳ зироъат ё боғ бо оби борон ё ҷуй обёри мишуда бошад, дар ин ҳолат ъушри онро бояд закот дод, аммо агар зироъат ё боғ бо оби кашида ё нақди обёри мишуда бошад, аз он нисфи ъуш закот дода мешавад.
Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 25
СУОЛ: Аз ҷавоҳирот (яъне сангҳои қиматбаҳо ва ғайра) закот додан лозим аст ё не?
Ҷавоб: Агар ҷавоҳиротро барои касби тиҷорат гирифта аст ва қимати он ба ҳадди нисоби тилло ё нуқра бошад, 2,5% онро бояд закот диҳад, аммо агар барои тиҷорат набошад, закот аз он лозим нест.
СУОЛ: Аз чӣ чизҳои тиллои ва нуқраги бояд закот дод?
Ҷавоб: Аз ҳар чизе, ки бо тилло ё нуқра сохта шуда бошад, закот бояд аз он дода шавад. Монанди чалла, гарданбанд, дастмона, зарфҳо ва ғайра.
СУОЛ: Дар як сол чанд бор бояд закот дод?
Ҷавоб: Закот аз Тилло, Нуқра, молҳои тиҷорат, гусфанд, буз, гов ва аз шутур дар як сол як бор бояд дод. Аммо аз зироъат ва симори боғҳо ҳаргоҳ ҳосил гирифта шуд аз он бояд закот дода шавад.
Таълими дини Ислом барои навомӯзон. Дарси 26
СУОЛ: Закотро ба кӣ додан ҷоиз аст?
Ҷавоб: Закотро:
1 ) Ба Фақирон (яъне касоне, ки молу дорои надоранд), додан ҷоиз аст.
2 ) Ба Мискинҳо (яъне касоне, ки молу дорои доранд аммо ба ҳадди нисоб нест), додан ҷоиз аст.
3 ) Ба Қарздорҳо (яъне касоне, ки ғани буданд вале бо сабабе молу сарватшон аз дасташон рафту қарздору муҳтоҷ шуданд), додан ҷоиз аст.
4 ) Ба Мусофирон (яъне касоне, ки ғани ҳастанд аммо дар мусофири муҳтоҷ шуданд ва барои баргаштан ба ватанашон эҳтиёҷ ба мол доранд), додан ҷоиз аст
5 ) Ва дар роҳи нашри дини Аллоҳ, закатро додан ҷоиз аст.
СУОЛ: Закотро ба кӣ додан ҷоиз нест?
Ҷавоб: Закотро:
1 ) Ба Падар, Модар, Бобо ва Момо додан ҷоиз нест,
2 ) Ба фарзан ва набераҳо додан ҷоиз нест,
3 ) Ба ҳамсар ё шавҳар закот додан ҷоиз нест,
4 ) Ба ағниё (яъне касоне, ки сарватманд ҳастанд) додан ҷоиз нест,
5 ) Ба фарзандони ноболиғи ағниё додан ҷоиз нест,
6 ) Ба Сайидҳо (яъне касоне, ки аз наслои Расули Аллоҳ ﷺ ҳастанд) додан ҷоиз нест
7 ) Ва ба кофирҳо закот додан ҷоиз нест,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев