Бародари ва дусти дар Ислом
Аз рузе ки чароғи ислом ба руӣ замин равшани овард, то имруз ин дини муқаддас ҳамеша бандагони Худоро ба бародари ва ҳамдусти даъват мекунад, аммо пеш аз дини ислом бандагони Худо дар руӣ замин ҳамеша ба душмани ва хунрези миёни ҳамдигар машғул буданд, то инки дини мубини ислом омад, ва бародари ва ҳамдустиро миёни бандагони Худо ба вуҷуд овард.
Худован дар сураи ҳуҷурот мефармояд:
"Ҳар оина мусалмонон бародари якдигаранд пас сулҳ кунед миёни ду бародар ва битарсед аз Худо то ба шумо раҳмат карда шавад".
Ва Паёмбари Худо -дуову дуруд бар У бод- ҳамеша саҳобаҳояшро ба корҳое даъват мекард, ки сабаби дусти миёни ҳамдигарашон шавард, чуноне, ки Паёмбари Худо рузе, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, аввалин коре, ки миёни аҳли Маккаву Мадина кард, ин буд ки миёни онҳо бародари ва дустиро ба вуҷуд овард, то ҳамаи онҳо бо ҳам бародар шуданд ва дини исломро дар саросари олам пируз гардонданд.
Дар ҳадис омада аст ки паёмбари Худо рузе ба саҳобагонаш гуфт: "Оё шуморо ба коре далолат накунам ки агар шумо онро ъамали кунед дустиро дар миёни шумо ба вуҷуд миёрад" пас ҳазрат фармуданд: "салом доданро миёни ҳамдигар пахш кунед", ва дар ҳадиси дигари Пайғамбари Худо -дуову дуруд бар У бод- мефармояд:" Емони касе аз шумо комил намешавад магар ин ки дуст бидорад барои бародаш ончиро ки дуст медорад барои худаш" ин ҳадисро имом Бухори ва Муслим ривоят кардаанд.
Ва Худованд дар Қурони карим бандагонашро ба якҷояги миёни ҳамдигар дар дини ислом амр мекунад чуноне ки У мефармояд:
"Ва чанг занед ба ресмони Худо (дини худо) ҷамъ омада, ва пароканда машавед, ва баёд биёред неъмати Худоро бар шумо чун будед душмани якдигар пас дусти андохт миёни дилҳои шумо пас шудед ба неъмати Ҳудо бародари якдигар ва будед бар канори чоҳе аз оташ пас наҷот дод шуморо аз он инчунин баён мекунад Худо барои шумо нишонаҳои худро то бошад ки роҳ ёбед ".
Ва паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мефармояд: "Мусалмон бо бародари мусмалмонаш монанди хиштҳои девор мебошанд ки бо ҳамдигар мечаспанд ва деворро бар медоранд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев