************************************************
Қуръони карим мефармояд
وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ ۚ فَإِنْ (196)البقرة
Ҳаҷҷ ва Умраро фақат барои Худо анҷом бидиҳед !
(ояти‐196--и сураи Бақара)
=====================================
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ( разиаллоҳу анҳу ) омадааст ки гуфт
Паёмбари акрам ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт
Ҳаҷҷ ва Умраро бардавом анҷом бидиҳед
Зеро ин ду нодориро аз байн мебаранд ҳамчуноне олати дам кардан олудагиҳоро аз оҳан ва тилло ва нуқра пок мекунад
Ва подоши Ҳаҷҷи мабрур нест магар биҳишт
(Саҳиҳи Насои )
تابعوا بينَ الحجِّ والعمرةِ ، فإنَّهما ينفِيانِ الفقرَ والذُّنوبَ ، كما ينفي الْكيرُ خبثَ الحديدِ والذَّهبِ والفضَّةِ وليسَ للحجِّ المبرورِ ثوابٌ دونَ الجنَّةِ
الراوي : عبدالله بن مسعود | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح النسائي
الصفحة أو الرقم: 2630 | خلاصة حكم المحدث : حسن صحيح
التخريج : أخرجه الترمذي (810)، والنسائي (2631) واللفظ له، وأحمد (3669)
====================================
Имом Шамсиддини Заҳаби (раҳматуллоҳи алайҳи ) дар китобаш "Сияр аълом ан-нубалоъ"-қиссаи ба Ҳаҷҷ рафтани олими Хуросон Ҳотами Асамро чунин овардааст
Ҳотами Асамм ки аз олимони бузурги Хуросон буд бисёре мехост ки ба адо кардани маносики Ҳаҷҷ равад
Лекин нафақаи Ҳаҷҷ барояш мукаллаф буд ва болои он нафақаи оилааш дар набудани ӯ аз куҷо меояд ?
Мавсими Ҳаҷҷ ҳам омад
Ҳангоме мардумон барои рафтан ба Ҳаҷҷ бору банди худро ҷамъ мекарданд Ҳотами Асамм онҳоро дида бисёр нороҳат шуд
Ҳотами Асамм духтари солиҳае дошт ки падарашро дарӣ ҳолати ошуфтаги дида гуфт
Туро чи шудааст падарҷон ?
Гуфт духтарам мавсими Ҳаҷҷ омадааст
Гуфта чаро Ҳаҷҷ намерави ?
Гуфт нафақаи онро надорам
Гуфт бирав ва Аллоҳ туро рӯзи медиҳад
Гуфт шумо чи мехуред дар набудани ман ?
Гуфт Аллоҳ рузии моро медиҳад
Гуфт модарат зиёд нигарон аст
Духтар назди модарашон ва дигар фарзандон рафта онҳоро насиҳат кард
Билохира ҳамаи оила барои рафтани Ҳотами Асамм ба Ҳаҷҷ мувофиқат карданд
Ҳотами Асамм барои оилааш нафақаи серӯза гузошта худаш ба сафар баромад
Дар роҳ ба сӯйи Байтуллоҳи Ҳаром каждуме пойи сарвари қофиларо гузид
Ёронаш байни ҳоҷиён гашта касеро мекофтанд ки барои ӯ руқия хонад
Онҳо Ҳотамро пайдо карданд
Ҳотами Асамм (раҳ)барои сарвари он қофила руқия хонд
Сарвари он қофила бо хости Худо шифо ёфта ба Ҳотам гуфт
Ҳамаи нафақаи имсолаи ҳаҷҷи ту болои ман аст то расиданат ба хона
Ҳотам хурсанд шуда даст ба дуъо бардошта гуфт
Парвардигорам ин ҷуду карами ту барои банда буд ва аз ту масъалат мекунам ки ҳамин неъматҳоҳоятро барои аҳли хонаводаам ҳам арзони дори
Се рӯз аз сафари Ҳотам гузашт
Нафақае ки Ҳотам барои хонаводааш гузошта буд фақат барои се рӯзашон мерасид
Аҳли хонаводаи Ҳотам ба гуруснаги рӯ ба рӯ шуданд
Пас ҳамаи аҳли хонавода он духтаре ки барои сафари падараш саъй мекард зери маломат гирифтанд
Аммо он духтар дар муқобили маломати онҳо механдид
Онҳо ба ӯ мегуфтанд
Чи механди дар ҳоле медони ки гуруснаги қариб аст болои мо ояд
Вай мегуфт
Падарамон рузидиҳанда аст ё рузихуранда ?
Онҳо мегуфтанд албатта рузихуранда чун рузидиҳанда танҳо Аллоҳ таъоло мебошад
У дар ҷавоб ба онҳо мегуфт
Рузихуранда бирафт аммо ррузидиҳанда боқист
Онҳо дар ин гуфтугӯ буданд ки дарро касе кӯфт
Гуфтанд кист ки дарро мекӯбад ?
Кӯбандаи дар гуфт
Амири мӯъминин аз шумо об металабад
Он духтар кузаеро бардошта ба онҳо дод
Амири мӯъминин он обро нушида лаззат бурда ба аскаронаш гуфт
Аз куҷо ин кузаи обро овардед ?
Гуфтанд аз хонаи Ҳотами Асамм
Амири мӯъминин гуфт
Ӯро биёред то барояш мукофоте бидиҳам
Гуфтанд вай барои адои Ҳаҷҷ рафтааст Амири мӯъминин камарбанде дошт пур аз ҷавоҳироти қимматбаҳо онро берун карда гуфт
Ҳар касе маро дӯст дорад чизе инҷо нафақа кунад
Ҳар яке аз ёронаш чизе партофтанд ва дар лаҳзае амволи гароне ҷамъ шуд
Он молҳоро ба тоҷире фурӯхта қиммати онҳоро ба хонаи Ҳотами Асамм (раҳ) равон карданд
Он рӯз шодию хурсандии аҳли хонадони Ҳотамро поён набуд
Чун ин молҳо барояшон тамоми умр басанда буданд
Тамоми аҳли оила шоди доштанд лекин он духтар мегирист
Модараш гуфт
Кори ту бисёр аҷоиб аст духтарам
Вақте ки мо аз гуруснаги гиря мекардем ту механдиди
Аммо ҳоло ки бароямон моли зиёде омадаасту хурсанди мекунем гиря мекуни ?
Духтар гуфт модарҷон ман аз он дар аҷабам ки амири мӯъминин як махлуқ аст
Ва ӯ бароямон як ёри расонид
Ва бо ин ёрии ӯ мо тамоми умр аз муҳтоҷи растагор шудем
Аммо агар Холиқи мо ки Парвардигорамон аст бароямон назари раҳмате кунад чигуна мешуда бошад ?
(китоби " Сияр аълом ан-нубалоъ--ҷ-11-487)
سير أعلام النبلاء (٤٨٧/١١)
••═════ ❁✿❁ ═════••
••═════ ❁✿❁ ═════••
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев