Яке аз ибодатҳои мусулмонон дар мавсими Ҳаҷҷ ин санг задани иблис мебошад
Санг задани иблис дар Ҳаҷҷ суннати Иброҳим (алайҳиссалом) мебошад
Санг задани иблис дар мавсими Ҳаҷҷ барои ҳоҷиён воҷиб мебошад
Санг фақат дар чаҳор рӯз зада мешавад
Рӯзи Ид ва се рӯзи дигар баъди он
Дар ин маконҳо санг зада мешавад
(1)--Ҷамраи Ъақаба
(2)--Ҷамраи Ъақабаи Кубро--
(3)--Ҷамраи Ъақабаи Вусто
(4)--Ҷамраи Ъақабаи Суғро
Байни ҳар як ҷамра ва дигараш 120 метр мебошад
(1)
Аммо Ҷамраи Ъақаба ки дар наздикии Маккаи Мукаррама ҷой дорад онҷо ҳоҷиён дар рӯзи иди Қурбон санг мезананд
Ҳоҷиён сангчаҳоро аз Муздалифа ки шабро онҷо гузаронидаанд мегиранд
Ё аз Мино сангча мегиранд
Адади сангарҳо--7--дона мебошанд
Вақти сангзани аз баромадани офтоб то ғуруб кардани офтоб мебошад
Бо задани ҳар як санг ҳоҷи " Аллоҳу акбар " мегуяд
=====================================
(2)
Рӯзи дуюми ид ки -11-уми моҳи зулҳиҷҷа мебошад яъне рузи якуми рӯзҳои ташриқ ҳоҷиён аз Мино боз барои санг задан ба Ҷамарот мераванд
Онҳо дар ин рӯз --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Суғро мезананд
Пас аз он --7--дона дар Ҷамраи Ъақабаи Вусто мезананд
Пас аз он --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Кубро мезананд
Мувофиқи суннати паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин сангзани пас аз заволи офтоб шурӯъ шуда вақти ғуруб кардани офтоб ба анҷом мерасад
************************************************
(3)
Рӯзи сеюми ид ки -12-уми моҳи зулҳиҷҷа мебошад яъне рузи дуюми рӯзҳои ташриқ ҳоҷиён аз Мино боз барои санг задан ба Ҷамарот мераванд
Онҳо дар ин рӯз ҳам --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Суғро мезананд
Пас аз он --7--дона дар Ҷамраи Ъақабаи Вусто мезананд
Пас аз он --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Кубро мезананд
Мувофиқи суннати паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин сангзани пас аз заволи офтоб шурӯъ шуда вақти ғуруб кардани офтоб ба анҷом мерасад
************************************************
Баъди ин он ҳоҷиёне ки шитоб доранд ба Маккаи Мукаррама фаромада тавофи видоъ карда ба хонаҳояшон бармегарданд
×××××××××××××××××××××××××××××××××××××××
(4)
Аммо ҳоҷиёне ки шитоб надоранд рӯзи--13--уми зулҳиҷҷа ва чоруми ид ҳам аз Мино ба Ҷамарот барои санг ӣзадан мераванд
Онҳо дар ин рӯз --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Суғро мезананд
Пас аз он --7--дона дар Ҷамраи Ъақабаи Вусто мезананд
Пас аз он --7--дона санг дар Ҷамраи Ъақабаи Кубро мезананд
Мувофиқи суннати паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин сангзани пас аз заволи офтоб шурӯъ шуда вақти ғуруб кардани офтоб ба анҷом мерасад
************************************************
Бо ҳамин адади сангҳои ппртофтаи ҳоҷиён дар чаҳор рӯз --70 --дона мешавад
Ва санг партофтан бо ҳамин ба анҷом мерасад
Пас аз ин ҳоҷиён ба Маккаи Мукаррама баргашта тавофи видоъ карда ба хонаҳояшон бармегарданд
************************************************
СУОЛ ?
Агар ҳоҷие бо сабаби бемори натавонад аз Мино то Ҷамарот рафтан
Оё ӯ метавонад каси дигареро ваколат диҳад ки ба ҷойи ӯ дар Ҷамарот санг занад ?
ҶАВОБ !
Бале метавонад фақат бо як шарт ки каси бемор бояд инро донад ва ба ӯ иҷозат диҳад
**********************************************,*
СУОЛ !
Оё санг партофтан фақат дар чаҳор рӯз иҷозат аст ё хайр ?
ЧАВОБ !
Бале санг партофтан фақат дар рӯзҳои-10-11-12-13-и моҳи зулҳиҷҷа барои ҳоҷиён иҷозат дода шудааст
Аммо касе аз ин вақт дер кард бояд хун кунад
Яъне чорвоеро забҳ карда барои фақирони Маккаи Мукаррама садақа кунад
Чунки санг задан аз воҷиботи Ҳаҷҷ мебошад
Ва тарки воҷиб ҷуброн намешавад магар бо хун кардан
Дар ин холат ҳоҷи ҳақ надорад аз гушти садақаи худ чизе хӯрдан
Инҷо хун бар ҳоҷиён воҷиб мешавад агарчи санг заданро ҷузъи тарк карда бошанд ё кулли
Валлоҳу аълам
Ҷамъ ва тартиби Зуҳуриддини Нуриддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев