ЗИНДАГИ ЯК РАНГ ДАР ДИЛАМ ЗАД!
{ УМЕДИ НАВ }
"Равоншинос "
Ҷамшед Рузимуродов.
Рӯзе як мард назди Устод меояд, ва маслиҳат мепурсад.
_Устод зиндаги якранг дар дилам зад!
На дар хона хурсанди дорам,ва на корҳоям пеш мераванд.
_ Чи маслиҳат медиҳед?
_ Устод мегуяд;
_ Бисёр тар шуморо чи фикр азоб медиҳад?
_ Мард мегуяд;
Чеҳраи дурушти ҳамсарам, ва номуросогии фарзандонам!
Вақте аз дар медароям,чеҳраи ҳамсарам он қадар дар назарам дурушту бад метобад, садояш гуш харош аст, ва симои фарзандонам мисли тимсоҳу калтаканавса барин!
Он қадар оилаам дар назарам хунуку шум метобад!
_ Устод оромона мегуяд;
_ Чи мақсад доред, ва чи андеша дар бораи зиндагии хушбахтиро дастрас шудан!
_ Мард мегуяд;
Зани дигар гирифтан мехоҳам!
_ Устод,,, бо гирифтани зани дигар бовари доред, ки хушбахт шуда метавонед?
_ Албатта мегӯяд мард!
Устод модом ки назди ман барои маслиҳат омадед, тавсия медиҳам баъди се моҳ зан гиред!
То давоми се моҳ шумо гуфтаҳои маро иҷро месозед!
Мард рози мешавад.
Шарти аввал!
Пагоҳ ҳамсар ва фарзандонатонро ба саҳро мебаред,як ҷои кушод ва барҳаворо интихоб мекунед, аз бозёфт чизе барои хурдан мегиред, ва фардо чи кор кардед!
Натиҷаашро ба ман мерасонед!
_Пагоҳи мард гуфтаҳои Устодро иҷро мекунад, ва назди Устод он чизе шуд нақл мекунад.
Яъне; Устод фарзандонам то бегоҳ бо тамоми ҳасти бози мекарданд, ки бегоҳ ба зур хона овардам.
Лекин
Аз ҳамсарам хело тарсидам!
Баробари ба саҳро баромадан вақте қолинчаро паҳн карда зану шавҳар нозу неъматҳоро ба дастурхон гузоштем,ҳамсарам каме дар атроф бо диққат назар карду он қадар хандаи даруна кард, то бегоҳ на майли чиз хурдан карду на бо ман ҳамсуҳбат шудан, худ аз худ механдиду, механдид, дарунан ва ором, на то бегоҳ балки ба хона омадем ҳам чунин ҳолат давом дорад, ҳамсарам ба бемори дучор шуд?
Ё чи сабаб ӯро ба ин ҳолат овард?
_ Устод боз бо ороми мегуяд;
Ҳафтаи оянда боз чунин оилавӣ ба лаби дарё равед!
Яъне ҷои сайр карданро иваз кунед, ва рузи дигар ба ман натиҷаашро расонед!
Ҳафтаи оянда онҳо боз чунин ба сайр мебароянд, ва рӯзи дигар боз назди Устод воқеъаро нақл мекунад.
_ Устод, фарзандонам аз хурсанди дам ба дарё оббозӣ мекунанд, дам ба атроф даву тоз.
Лекин
Ҳамсарам...
_ Устод давом диҳед, чизе шуд бе пӯшида бигӯед!
_ Устод,,, ҳамсарам дар лаби дарё он қадар бо ороми гиря мекард, ҳатто ҳис намекард, ки ман дар наздаш ҳастам.
На завқи хурдан карду на завқи сайри лаби дарё.
Устод;
Шумо дар ин ҳолат чи кор кардед?
Рости мехостам оромаш созам, лекин гуфтаҳои шумо дар ёдам расид, ба ҳоли худ гузоштам,лекин он қадар дилам ба ҳолаш сӯхт.
Худ намедонам ин қадар гиря дар бораи чист?
_ Устод, сабабашро дар охир мефаҳмед!
Ҳафтаи оянда ҷои сайр карданро иваз намоед.
Яъне дар баландиҳо бароед!
Ҳар бегоҳ ё дар ҳар чанд руз ба кудаконатон аз савдоятон чизе оред, ва БА ТУ ҲАДЯ ОВАРДАМ... бигуед.
Ҳафтаи оянда онҳо ба кӯҳ, ба баланди баромаданд. Ва рӯзи дигар боз назди Устод нақл кард.
_ Устод фарзандонам дар баланди худро он қадар қавӣ ҳис карданд, ки ба худ бо ифтихор
Ман муваффақ шудам, ман аввалин баромадам,чунин хурсанди мекарданд.
Лекин!
Боз ҳамсарам...
Ин дафъа ҳамсарам ба баланди баромад, аз боло ба поён нигоҳ карда ба фикр фурӯ рафт, аз ҳолаташ пурсон шудам.
_ Гуфт;
Илтимос халал на расонед, каме ором фикр месозам.
_ Боз Устод ҳафтаи оянда маслиҳати сайр карданро ва иваз кардани ҷои сайр ро, яъне ба пасти ( ба поён) пешниҳод дод!
Он ҳо ба пасти сайр карданд.
Ва боз рузи дигар нақли натиҷаҳо буд.
Устод фарзандонам ба пасти гирди дастурхон такя зада бароҳат бо ҳам, орзу ва мақсадҳояшонро дар оянда мегуфтанд, ки мешаванд, ва чи гуна мешаванд.
Ҳамсарам, он рӯз баъди чорум сафар ба чеҳраи ман оромона назар карда, каме табассум кард, ва оромона суҳбати кӯтоҳ мекард.
Хулоса;
аз байн як моҳ гузашт!
Моҳи дуюм :
_ Устод онҳоро дар маркази шаҳр сайр карданро тавсия кард!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Давомашро интизорам