Предыдущая публикация
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Мурдаҳо норизо зи мо буданд,
Фотиҳа бар мазори мо омад.
Чор сӯ буд тирборонҳо
Яке тири барори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад!
Рӯзи истиқлол муборак бод!
Бо ибрози хамин орзухои нек хамаи сокинони некбину некандеш, босабру тахаммул ва сарбаланду кавииродаи кишвар ва хамватанони бурунмарзиамонро бо чашнгирии истиклолияти Точикистони азизамон, сидкан табрик гуфта, барои хар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, икболи баланд, файзу баракати зиндаги ва ба Точикистони ягонаамон пешрафту ...ЕщёИстиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ,ҳуқуқбунёдва дунявӣ муайян намуд.Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад,ки дониш,қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд,пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Бо ибрози хамин орзухои нек хамаи сокинони некбину некандеш, босабру тахаммул ва сарбаланду кавииродаи кишвар ва хамватанони бурунмарзиамонро бо чашнгирии истиклолияти Точикистони азизамон, сидкан табрик гуфта, барои хар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, икболи баланд, файзу баракати зиндаги ва ба Точикистони ягонаамон пешрафту ободи орзумандам.
Табрик бар Шумо Истиклолят!