Предыдущая публикация
меҳрубон дорем,
Ҳамеша ёди ту дар дил ва номат
дар забон дорем.
Агар бахши гуноҳи мо, ту эй
бахшандаи якто,
Дигар на тарси дунёву гузар аз
баҳри ҷон дорем.
Ҳамин кофист,ки дар дунё бидоди
чашми биномон,
Ба ин чашмони биномон назар бар
ину он дорем.
Ҳазорон шукри даргоҳат,ки пур аз
хайру эҳсон аст,
Фаровон неъмате доди,ки сар дар
осмон дорем.
Ту эй пӯшандаи айбу хатои
бандагони худ,
Бипӯш айбу хатои мо агар имрӯз
аён дорем.
Ту ғамхору мададгори фақирон дар
ҷаҳон боши,
Аз ин рӯ дасти болову сари хам
дар ҷаҳон дорем.
Даруни қабри торик кун чароғон
хонаи моро,
Ба он як зарраи нуре,ки дар дил аз
имон дорем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1