Умари Хаём – яке аз бузургтарин ҳакимони халқи форс, ки дар тамоми дунё ҳамчун файласуф, риёзидон, шоир ва нуҷумшинос машҳур аст. Umari Khayom 18-уми майи соли 1048 дар оилаи хаймасоз дар шаҳри Нишопури Ирони ҳозира таввалуд шуда, дар сини 83 солаги 4-уми декабри соли 1131 аз олам даргузаштааст.Умар аълони ҷавонӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Балх илми худро сайқал додааст. Мавсуф дар бахши илми алҷабр (математика) хело зиёд буда аввалин ихтироти у дар ҳамин соҳа пешкаш шуда унвони олимиро дар сини 25 солагӣ дар шаҳри Самарқанд соҳиб гаштааст.Номи пурраи ин шахси баруманд асосан чуни наст: Ғиёсиддин Абул-Фатҳ Умар ибни Иброҳим ал Хаёми Нишопурӣ. Дастоварди асосии у асосан дар таърих бо ихтирооти худ дар самти тақвим (календарь) маъруф аст. Донистани Қуръон бо шари ҳар як ояташ, илмҳои алҷабр, тиб, ҳандаса, ҳайъат бароияш чандон мушкили надошт.Дар сини 16-солагӣ Умари Хаёмро падараш тарк карда аз олам даргузаштааст, ки ин ҳам бошад давраи ҷанг буд. Ҳаёти шоир асосан дар дарбори шоҳигарии Салҷқиён суръат гирифтааст. Дар ҳаёт Умари Хаём фақирона умр ба сар бурда ҳаёти худро ба илм бахшидааст. У ҳеҷ гоҳ оиладор нашудааст ва бинобар ин фгон фарзанде ҳам надошт. Дар байни мардуми одди Умари Хаём ҳамчун шоири беҳтарине ки рубоиёти пурмазмуни ҳаётиро эъҷод намудааст маҳбуб аст.
То битвонӣ ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро,
Гар роҳати ҷовидон, масаъ дорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
2
Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо,
К-ей ринди хаработиву девонаи мо,
Бархез, ки пур кунем паймона зи май,
Зон пеши, ки пур кунадмаймонаи мо.
3
Аз бодаи ноб лаъл шуд гавҳари мо,
Омад ба фиғон зи дасти мо соғари мо.
Азбаски ҳамехурем май бар сари май,
Мо бар сари май шудему, май бар сари мо.
4
Бархез, буто , бисёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештаи мушкили мо,
Як қуза шароб , то ба ҳам нуш кунем,
З-он пеш, ки кузаҳо кунанд аз гили мо.
5
Чун дар гузарам, ба бода шуед маро,
Талқин зи шароби ноб гуед маро,
Хоҳед ба рузи ҳашар ёбед маро,
Аз хоки дари маёкада ҷуед маро.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев