(РӮҲУ РАВОНАШОН ШОДУ ОСУДА БОД!)
Гар сарӣ ёбад ба олам дардарӣ бо шоирӣ,
Гулназарро бар сари он дардарӣ, зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах, сӣ китоб,
Ҳам фузун ояд, агар ҳангоми мастӣ бишмарӣ.
Гоҳ-гоҳе мекунад рақсу, гаҳе хонад суруд,
Мезанад худро миёни дилбарони дардарӣ.
Мешавад ошиқ зимистону баҳору тирамоҳ,
Рӯзҳои гарми тобистон, намояд кайсарӣ.
Гӯшҳояш хам зада аз ҳарфи ишқи дилбарон,
Биниаш аз зарби бӯсобӯс гашта чанбарӣ.
Сураташро ҳар куҷо бинанд, оғӯшаш кунанд,
Шоирон тобанд дар чашмони маъшуқон, парӣ.
Шоирони навқаламро Мункар асту ҳам Накир,
Аз имомии сухан, шуд ҷониби Пайғамбарӣ.
Баски Ӯ бошад вакили шеъри мо дар Парлумон,
Рӯдакӣ гашта кунун ҳар депутату Анварӣ.
Гимни Ӯро ман шунидам, солу моҳу рӯзу шаб,
Гоҳ дар маҷлис, гаҳе дар кӯча, гаҳ дар бистар.
Гуфтам:"Аз ҷояш бихезад, ҳар касаш чун бишнавад,
Офарин бар дардариву, бар чунин гимни дарӣ.
Мезанад тилфони мобилии Ӯ ҳар лаҳза занг,
Кас надида инчунин, даъватшаванда муштарӣ.
Ҳақназарро чун бубинад Гулназар, ғойиб шаванд,
Гоҳ дар Ромит, гаҳе дар Обигарму Шамбарӣ.
Соғаре бо Гулназар бигрифт, Насурулло Камол,
Номи худро кард аз мастӣ, Камоли Соғарӣ.
Бо атои Мирзохоҷа, Гулназар аз як гиланд,
Каллаи бутал парад, аз дасташон бо барбарӣ.
Абдураҳмони мунаққид, гар бихонад шеъри вай,
Мекунад танқид худро, аз сари ҳар минбаре.
Меҳмон Бахтӣ, ки сарустоди устодони мост,
Аз карам хонад варо:талқингари одамгарӣ.
Бишнавад гар Рӯдакӣ ҳам, гимни Ӯро ҳар саҳар,
Мекунад эълом худро дардарии дигарӣ.
Дар дари Дардар, бигуфт ин шеърро Неруи маст,
Чунки андар шеър созад Гулназарро додарӣ.
АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ!
АЗ КИТОБИ "НАФАСИ ДУВВУМ"-И АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев