(ба деҳқони асилу заҳматкаш Бобои БАДАЛБОҚӢ Маҳмудов бахшида мешавад)
Аллоҳи меҳрубон хонаи охирати ин инсони некро пурнур гардонад, дар пешгоҳи ҷаннат бошанд..
Мӯзаи Бадалбоқӣ,
Хиром буд ялақоқӣ.
Доим пӯшида мегашт,
Шляпа ҷои тоқӣ.
Колхозчии оддӣ буд,
Зебу деҳу водӣ буд.
Ҷое, ки ӯ каланд зад,
Сабзаву ободӣ шуд.
Шахси ҳалиму содда,
Меҳнаткашу озода.
Рафтору кирдораш нек,
Гӯё, ки худо дода.
Кори худро медонад,
Касро намеранҷонад.
Ба кори худ овора
Ман- манӣ намехонад.
Касе чун Бадалбоқӣ,
Агар кунад зиндагӣ,
Гум шавад рӯи чаҳон,
Ғайбат, тӯҳмат, гандагӣ.
Касе чун Бадалбоқӣ,
Гар рафтори нек дорад.
Баъди солу қарнхо ҳам,
Хотири маҳбуб дорад.
Хотири Бадалбоқӣ,
Бирез кадаҳ, ту соқӣ.
Некиҳоша ёд кунем,
Арвоҳаша шод кунем,
Аслиддин Одинаев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1