Дидори модару падари интизори хеш,
Дар орзуи дидани хоҳар- бародарон,
Дидори духтару писари хешу ёри хеш.
Дар гӯшаҳои сарди ҷаҳон кор мекунанд,
Оре, ғарибакони ҷавон кор мекунанд.
Болои кори сахту балоҳои муҳташам,
Бепул гусел гашта ба монанди муттаҳам.
Мушту лагатзанон ба девору бар замин,
Бо чашми ғарқи гиряву бо қалби ғарқи ғам.
Гоҳе барои бурдаи нон кор мекунанд,
Оре, ғарибакони ҷавон кор мекунанд.
Гоҳе гурусна, нимгурусна ва нимсер,
Рузи дароз то шаби торик сар ба зер.
Безор мешаванд, вале бешикояте,
Аз барҳи ризқи оила мардонаву далер.
То интиҳои тобу тавон кор мекунанд,
Оре, ғарибакони ҷавон кор мекунанд.
Тоқат намуда таънаву бӯҳтони аҷнабӣ,
Тоқат намуда нафрату фармони аҷнабӣ.
Баҳри ду танга гӯш пур аз таҳқиру ғазаб,
Хобида дар таҳи дару долони аҷнабӣ.
Бар қасди рӯзи сахти замон кор мекунанд,
Оре, ғарибакони ҷавон кор мекунанд.
Бошед, модарон, аз эшон сипосманд!
Бошед, ҳамсарон, аз эшон сипосманд!
Лутфан ҳадар ба бод насозед корашон,
Бошед ҷовидон аз эшон сипосманд!
Бо дарди ошкору ниҳон кор мекунанд,
Оре, ғарибакони ҷавон кор мекунанд.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев