Дар замонҳои қадим Абдусалом ном марди поквиҷдоне буд. Ӯ якка фарзанди азизашро ба ҳеҷ кас бовар намекард. Рӯзҳо ва солҳо гузаштанд, писарбача ба як ҷавони зебое табдил ёфт. Рӯзе ба падараш насиҳат кард:
- Оҳ, падар! Ҳоло ман бояд чӣ кор кунам? Аз пайи кадом ҳунар шавам?
Падар: - Эй писарам. Мақоле ҳаст, ки «саге, ки аз гардан баста бошад, ба шикор мувофиқ нест». Ҳоло ту бояд ба худат ҳунар ё касберо интихоб кунӣ ва ба он майл дошта бошӣ.
Пас писар гуфт: - Беҳтарин касб ин дуздӣ аст.
Падараш гуфт:
- Хуб, писарам, агар дуздӣ бошад, дуздӣ кардан гир. Кӯшиш кун, ки гӯсфанди ҳамсояамонро дузда биёр. Писар аз хонаи ҳамсоя як қӯчқори калонро дуздида овард.
Падараш хурсанд шуда гуфт:
— Писарам, кори хуб кардӣ, биё, ки ин гӯсфандро давоми ҳафта аз хона набаромада мехӯрем. Ҳамин тавр, онҳо як ҳафтаро бо кайфу сафо гузарониданд. Пас аз хӯрдани гӯсфанд худро баркашиданд.
Писарак дар як ҳафта се кило гум кардааст. Падар чор кило вазн гирифтааст. Писар бо тааҷҷуб ба падараш нигарист.
Падар хандида гуфт: - Эй писари нодон! Ту бояд бидонӣ, ки ман пули гӯсфанди дуздидаатро як рӯз пеш ба ҳамсояамон додам. Барои ҳамин ҳам оҳиста-оҳиста вазн гирифтам. Дидӣ, ба инсон хӯрдани таоми ҳаром зарар дорад, касби ҳаром насиб намекунад, барои худ касби ҳалолро интихоб мекунӣ. Он гоҳ саодати ду дунё насибат мегардад.
<< Xirad >>
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1