Аз ӯ пурсид: Чаро эй хола ту гадои мекуни дар ҳоле, ки ту зани солеҳа ҳастӣ ва писарат аз аҳли масҷид буд!!
Зан гуфт: як писар дорам ва шавҳарам солҳо пеш вафот кардааст.
Писарам бошад 8 моҳ пеш сафар карда, ба ман як миқдор маблағ гузошта буд ва вақте, ки маблағи гузоштаи ӯ тамом шуд ман маҷбур шудам, ки гадоӣ кунам.
Шайх аз у пурсид: писарат ба ту пул намефиристад?
Зан гуфт: Ҳар моҳ як расми рангае ба ман мефиристад ва ман онро ҳамчун хотира ба девор меовезам.
Пас рӯзе имом ба зиёрати ин зан омад то аз аҳволаш бо хабар шавад.
Аммо рафтани Имом барои ин зан як сюрприз шуд.
Писараш ба ӯ ҳар моҳ ба маблағи ҳазор доллар чек мефиристодааст ва ӯ 8 ҳазор доллар дорад ва гадоӣ мекунад, зеро хондану навиштанро наметониста аст.
Пас Шайх чекҳояшро гирифт ва пулҳояшро нақд карда ба ӯ медиҳад ва аз мушкили нодори роҳо мешавад.
Саргузашти ин зан ба мо монанд аст.
Ҳамаи мо дар хонаҳои худ Қуръони карим дорем, аммо хондани онро хуб балад нестем.
Ва мо саргардон дар ин ҷаҳони бузург ҳастем аз саёҳатҳо то сафарҳо, то шабнишиниҳо ё сериалҳо...
Ҳарчанд дороии бузурге дорем бо номи Қуръони карим дар хонаҳои худ аммо хондани ӯро хуб балад нестем.
Мо воқеан бой ҳастем.
Чекҳои худро нақд карда дар номаи аъмоламон гузорем дӯстони азиз.
Вирди ҳаррӯзаи худро бештар кунем ба тиловати Қуръони карим зеро умр кӯтоҳ аст ва тушаамон кам.
Бор Илоҳо,Қуръони Каримро баҳори дилҳо, нури синаҳои мо гардон ва моро раҳоӣ аз ғаму андӯҳ бигардон ва ҳамеша шодиву хурсандиро насибамон гардон.
ТАРҶУМА АЗ АРАБИ.
(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1