Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона ,
Халқе ба Ту машғулу, Ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди ту гӯяд ,
Мутриб ба суруди наю, булбул ба тарона .
Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву, ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду, ман соҳиби хона .
Мақсуди ман аз масҷиду бутхона Туи Ту.
Мақсуд Туӣ Каъбаву бутхона баҳона .
Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.
Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.
Ассалому алайкум...
Чи сукуте дунёро фаро мегирифт, агар ҳар инсоне, ба андозаи садоқаташ сухан мегуфт !!!!
🌕🌕🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑🌕🌕
Агар меҳри Худо дорӣ, макун ҳаргиз дилозорӣ,
Ки озори дили инсон, набошад расми инсонӣ .
Шабатон ба хайру осоиши руҳу саломатии тан ва хотири шод насибатон, дӯстони азиз ...
То субҳи фардо нигабонатон Худои пок !!
🌕🌕🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑▪️🌑🌕🌕
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 43