Ба номи Худованди ваҷду сурур,
Падидовари ишқу эҳсосу шур.
Ассалому алайкум...
Тақвим варақ хурд то расид ба имрӯз
Бигзор рӯзи шод будан, шод кардан ва
шод зистан бошад .
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Зиндагӣ бо ҳамаи вусъати хеш,
Маҳфили сокити ғамхурдан нест.
Ҳосилаш тан ба ҷазо додану афсурдан нест.
Зиндагӣ ҷунбиши ҷорӣ шудан аст.
Аз тамошогаҳи оғози ҳаёт,
То ба ҷое, ки Худо медонад.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Савганд ба Худованде,ки тамоми садоҳоро мешунавад...
Ҳар кас дилеро шод кунад, Худованд аз он шодӣ лутфе барои ӯ қарор диҳад, ки ба ҳангоми мусибат чун оби зулоле, бар ӯ боридан гирифта ва талхии мусибатро бишӯяду дур созад.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Ҳар кӣ дилаш шефтаи дунёст, ҳамвора ҷонаш гирифтори се мушкил аст.
Андӯҳи раҳо нашуданӣ...
Ва ҳирсе ки ҳаргиз ӯро тарк намекунад...
Ва орзуе, ки ҳеҷ гоҳ ба ӯ нахоҳад расид.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Ҷафо макун !....
Ки ҷафо расми дилрабоӣ нест !
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Дар миёни эҳсосотамон "умед" танҳо падидаест, ки муталлиқ ба мо нест.
Балки умед мутаалиқ ба зиндагист
Оре, ақлабан ин худи зиндагист, ки аз худ дифоъ мекунад.
Мутмаин бош ин рӯзҳо ҳамаи инсонҳо, мушкили ғайри қобили дарке доранд...
Ва рӯзгор мамлӯ аз балоҳои пай дар паест, ки ба қалби инсон зарба мезанад.
Аммо фазифа дуруст ҳаминҷост:
Мабодо фаромӯш кунӣ...
Бояд идома дод...
Меҳрубонии ғайримунтазир ҳам қудратмандтарин ва камҳазинатарин омили тағири инсонҳост.
Ҳар ҷо инсон аст, қатъан ҳанӯз фурсате барои меҳрубон будан вуҷуд дорад.
Ҳамеша бояд ба хотир дошт...
Ишқи бериё ва меҳрубонӣ ҳаргиз ҳадар нахоҳад рафт.
Ҳеҷ дарахте ба хотири ҷо додан ба парандагон бе бору барг нашуда...
Саъй кун такягоҳ бошӣ...
Меҳрубон будан маҳол нест !
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Ба бозомаданат чунон дилхушам,
Ки тифле ба субҳи ид...
Парастуе ба зуҳри баҳор...
Ва ман ба дидани ту...
Чунон дар оинаат машғулам,
Ки ҷаҳон аз канорам мегузарад, бо ҳазорон ишваву ноз !
🌹🏺🌹🌴🌴🌴🌴🪟☀️🪟🌴🌴🌴🌴🌹🏺🌹
Субҳатон пур аз фараҳ ва файзи Илоҳӣ бод !
🏺🌹🏺🌴🌴🌴🌴🪟❤🪟🌴🌴🌴🌴🌹🏺🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 54