Талаб зи ту ҳамин бувад,
Магӯ, ки як замони пеш,
Будам супурдақалбу зори ту.
Магӯ, ки як баҳори сол,
Будам сари дуроҳае
Фигору интизори ту.
Агар миёни мардумони шаҳр бубиниям,
Ба ҳоли хастаю низор.
Аё шиноси носипос,
Магӯ, зи бахти нобарор.
Агар тавонӣ, эй муҳаббати дурӯғ ,
Мадеҳ салом!
Ки қиссаҳои ишқи мо шуда тамом.
Дигар ману ту душманем,
Душмани хатои хеш
Ҳамеша мекунем талош,
Зи баҳри идаои хеш
Ягона хоҳишам зи ту ҳамин,
Ки баъди сад хазор қарн ,
Агар ба гӯши ту расад суруди номуроди ман
Магӯ, ки як касе ва ё хасе ба ман диле супурду рафт,
Барои як нигоҳи ман ба зери ашк мурду рафт.
Маро муҳаббати дурӯғ шумурду рафт,
Барои ин тамоми умр шароби талхи дарду ғам бихӯрду рафт,
Бигӯ, ба ёдҳои хеш,
Маро ягон солу маҳ, ба пеши чашмхои ту,
Ба қасди хашмҳои ту.
Марову аксҳои ғамгину ҳазин,
Ҳазор чин дар ҷабини бандаро
Шамоли сарди зиндагӣ наорад оҳ,
Аё худои бахти шӯр,
Ҳамон замон
Ҳазор қатраи сиришки ҳасрати кӯҳан Ба пеши пою роҳи ту наборад. ..оҳ,
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев