❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️
Расад рӯзе, ки ҷон аз тан равад маҷбӯр, медонӣ?
Ба хок яксон гардад,нотавону зӯр,медонӣ?
Даруни хок мегарди, хӯроки мӯр,медонӣ?
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?
Агарчанде саховатпеша, ҳамчун Ҳотами Тоӣ,
Агар дар ҳусни худ чун ҳазрати
Юсуф зебоӣ.
Агар ҳамчун Сулаймон соҳиби ҷоҳиву дороӣ,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?
Агар ҳамчун Сино осеби мардумро даво дорӣ,
Агар чун Борбад овозаву савту
наво дорӣ.
Чу Қорун байни мардум бешуморе чорво дорӣ,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?
Агарчӣ кибри ту андозааш то осмон бошад,
Агарчӣ хонаат зебову ҳавлият,
калон бошад.
Агарчӣ худрави ту арзишаш хеле гарон бошад,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр, медонӣ?
Агарчи байни мардум зиндагии беҳтарин дорӣ,
Азизони дилу дӯстони ҷониву қарин дорӣ.
Ҳаросон нести, чун давлату молу замин дорӣ,
Касе чизе наметонад барад,бар гӯр,
медонӣ?
Агар худхоҳиву ноогаҳ аз ҳоли башар,хобӣ,
Ҷавониву зи фардоӣ қиёмат бехабар, хобӣ.
Агар дар ғафлативу бо муҳаббат рӯйи зар хобӣ,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?
Дар ин дунёи дурӯза машав як заррае мағрур,
Ғуруру кинаро аз қалби худ оҳиста бинмо дур.
Бихон, аз дафтари ашъори пур аз сӯзи Маҳкампур,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3