Предыдущая публикация
Дар зеҳни ман чу хотира аз ишқ оҳ монд.
Ҳолам чи хуб буд, замони набуданат,
Бар ман чу ҳадяе зи ту ҳоли табоҳ монд.
Танҳо гуноҳи кардаи дил ишқ буду бас,
Бо қалби хаста ҳол фақат ин гуноҳ монд.
Бовар накардӣ ишқи диламро, вале Худо,
Он рӯз шуд гувоҳу ҳанӯзам гувоҳ монд.
Чашмат сиёҳ буд чу бахти сиёҳи мо,
Дар чашми банда бахт чу чашми сиёҳ монд.
Ай иштибоҳи мутлақу ширини Ҳотамӣ,
Шодам аз он, ки дар дилам ин иштибоҳ монд.
Ғайратҷон Мухторов ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3