Предыдущая публикация
То , ки шодон нашавад ҳар нигаҳи сард, бале.
Гуфт, тасдиқ намо қисмати ту мард набуд ,
Ман , ки розӣ ба ҳамин қисмати номард, бале .
Косаи сабри ман имрӯз , зи ғам лабрез аст,
Шишаи поки дилам шуд ҳама пургард , бале.
Дил гирифт акси баҳору ҳаваси зиндагиро ,
Гашта умеди дилам манзараи зард , бале .
Бурд аз ман ҳама хушҳолии дил чархи фалак ,
Ҳадя аз ғуссаву дарду алам овард , бале.
Ҳеч кас ҷойи туро пур накунад , модари ҷон,
Бар дили хаста шудам ёвару ҳамдард , бале .
20:30
03.02.2023
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1