Ассалому алайкум....
Худоё !...
Танҳо даре, ки ҷовидона соҳибхона бо меҳр мекушояд хонаи туст....
Бубахш агар фақат дармондаем, ба суроғат меоем....
Зоти мо инсонҳо ҳамин аст.
Онқадр бузургворӣ, ки мегӯӣ, бихоҳед то бароварда кунам.
Имрӯз барои тамоми бандагонат саломатӣ ва вақти хуш ато фармо !....
Худоё !....
Дар гулистонат ҳамаи хорҳо шокир ба гули шукуфтарӯи худ ҳастанд ва тамоми гулҳо қонеъ ба хори худ.
Ин аст расми бандагони шукргузор.
Ту дар дили нобовариҳо, ҳамеша базре аз умед мекорӣ, то сабз шудаву бишкуфад
Ва сар ба фалак бикашад.
Дам ба дам шукрат !
☀️📔🌼📔🌼📔🌼📔🌼📔☀️
Як чизҳое, ки агар бирезад, бо ҳеҷ чизе намешавад ҷамъашон кард...
Мисли обрӯи одамҳо.
Як чизоеро агар бихурӣ, бо ҳеҷ чиз наметавонӣ пас бидиҳӣ...
Мисли моли бачаи ятим....
Мисли моли фуқаро !
Як чизҳоеро он тарзе ки қадрашро намедонем;
Ҳеҷ вақт....
Мисли падар, мисли модар.
Як чизҳоеро ҳам намешавад тағир дод;
Ҳеҷ вақт....
Мисли гузашта , гузаштаҳо.
Як чизҳоеро бо ҳеҷ пуле намешавад харид....
Мисли муҳаббат.
Ва як чизҳоеро набояд аз даст дод:
Ҳеҷ вақт....
Мисли дӯстони воқеиро !
☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️
Чи зебо мешуд ин дунё ,каме ҳам бовафо бошем,
Набошад рӯзгоре ки намак бар захми ҳам пошем.
Чи зебо мешуд ин дунё, наояд ашки маҳруме,
Замину осмон ларзад, зи оҳу дарди мазлуме.
☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️
Субҳи зебоятон пур аз фараҳ ва файзи Илоҳӣ бод!
🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 42