Предыдущая публикация
Дили шӯридае дорам , Худовандо ту медонӣ.
Насибам боз субҳи тозае кардӣ , биҳамдиллоҳ ,
Мунаввар шуд дилам аз
шуълаҳои нури субҳонӣ.
Зи Ту тифли гуноҳам ҳамчун аз устод дар бим
аст,
Аз он тарсам ,ки боқаҳрат маро аз нав натарсонӣ.
Ғариқам дар миëни баҳри маъсият
зи сар то пой ,
Тасаллою умедам ваъдаҳои нақди Раббонӣ.
Зи хамри соғари майхонааш як умр сармастам,
Аë соқии соғаркаш, қадаҳ зинҳор настонӣ .
Ниëзе нест моро бар табибон то ба рӯзи ҳашр ,
Давобахшу табиби бетабибон ҳарфи
қуръонӣ ,
Саҳар булбул шунида нолаҳоям сахт ҳайрон аст
Зи кӣ омӯхтаи Фарҳод ,оҳанги ғазалхонӣ ?!
Фарҳоди Дилфигор....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Ҷуш зан , бо шеъри оташбор одат мекунӣ.
Бо шеърҳои дилнавозу оташбори устоди назм одат кардаем.