Предыдущая публикация
Ҳамин яқини фурӯ хуфта дар гумон шеър аст.
Ҳамин ки ашки марову туро дар овардаст,
Ҳамин, ҳамин ду-сето тика устухон шеър аст.
Ҳамин ки меравад аз дасти шаҳр, даст ба даст,
Ҳамин шақоиқи беному бенишон шеър аст.
Чӣ ҳикматест дар ин васфи ҷамъ ношуданӣ,
Ки ҳам замон ғами нон, шеъру бӯи нон шеър аст.
Ту бедалел ба дунболи шеъри тоза магард,
Ҳамин ки мечакад аз чашми осмон, шеър аст.
Аз ин ки дафтари шеъраш ҳазор барг шудаст,
Баҳор на, ба назар мерасад хазон шеър аст.
Ба гӯша гӯшаи шаҳрам навиштаам байте,
Ту рафтаиву саропои Исфаҳон шеър аст.
Хулоса ин ки ба фатвои шоиронаи ман
Забони муштараки мардуми ҷаҳон шеър аст.?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев