Предыдущая публикация
Асри як рӯзи шулуғ
Чой дар даст, ба тасвири шитобони замон менигарам.
Ман дар ин сонияҳо
Бо ту дар дашти пур аз хотираҳо дар сафарам.
Ту бигӯ ёри сафаркардаи ман
Аз паси панҷараҳо, ба чӣ меандешӣ,
Ба куҷо менигарӣ?
Абрҳо мегузаранд,
Бодҳо дар сафаранд.
Ту дар ин паҳнаи хокӣ ба куҷо раҳгузарӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев