Салом бар қалбҳои пурнур...
Салом бар ононе, ки дар тариқи маърифат устувор ва побарҷо ҳастанд...
Салом бар ононе, ки бе чашмдошт ҳамвора меҳр меварзанд...
Салом бар ононе, ки дӯст медоранд, дӯстдошта бошанд...
Салом бар шумо дӯстони хубам...
Салом бар ҳаводорони ин оинаи меҳру латофат
Шому шаби ба хайре дошта бошеду аз меҳру гамхории ҳам лаззоти гуворое !
🌴🌃🌕▪️▪️▪️▪️▪️🌹▪️▪️▪️▪️▪️🌕🌃🌴
Инсоният ҳадду марзе намешиносад, қабл аз он , ки дорои ҳувият зану ва ё мард будан бошем инсонем ....
Ва таклифи одамият аз ҷинсият болотар аст.
Ҳамдигарро ба ин ном бишносем...
Дар асл мақоми болотаре дорем .
🌴🌃🌕▪️▪️▪️▪️▪️🌹▪️▪️▪️▪️▪️🌕🌃🌴
Фаромӯш макун!
Ту ҳамеша қарор нест ки ҳолат хуб бошад.
Қарор нест бори азими мушкилотеро ба душ бикашиву вонамуд куни, ки хаста нестӣ.
Қарор нест лабханди маснуъӣ руи лабҳо биёварӣ..
Лузуме надорад руи эҳсоси ҳақиқият сарпӯш гузориву, ба чизе вонамуд куни , ки нестӣ.
Ҳамон қадр, ки ҷисмат осеб мебинад равонатам дар маърази осеб аст.
Биёед мурооти ҳамдигар бикунему ва ҳушу ҳавасамон бештар ба одамҳои атрофамон бошад.
Ба он бахше аз вуҷудашон, ки қобили риоят нест.
Ишколе надорад!
Одами комиле нестӣ, табии асту зудгузар бо мурури замон тарбияти рӯзгор дурустат мекунад худхурданҳо чаро!?
Заъф дорӣ ишколе надорад, худатро нороҳат макун!
Одамем дигар, камбуду нуқсонҳо фаровон дорад зиндагӣ.
Чун агар қарор буд одами комиле бошем дар ин олами пурғавғо пайдоямон набуд.
Чи касоне меоянд инҷо ва дарсҳое аз рӯзгори сарду гарм бигиранду комил бишаванду бираванд.
Инсони комил рӯи замин намеояд.
Табиист ҳама ҳаминанд.
Ҳар ки омад ба ҷаҳон нақши харобе дорад,
Дар харобот напурсанд, ки ҳушёр куҷост?
Ниёзҳои асиле инсонии мост!
Ишқ асту меҳр асту шафқат аст, инҳо ҳеҷ як кадом берунӣ нестанд, инҳоро намеша харид
Инҳоро намеша аз касе гирифт, ё ба касе дод
Инҳо бояд кашф шавад аз дарун ҷӯшиш пайдо кунад, то ба берун бирасад.
Яке аз далоиле, ки дар зиндагӣ мо ранҷ мекашем, ин аст, мо дар зиндагӣ ба як сулҳ ба як пазириш нарасидаем.
Далелаш ин аст ки мехоҳам зиндаги як тарзи дигар бошад.
Мехоҳам зиндагӣ мисли хостаҳои ман пеш равад
Одамҳо тарзе ки ман мехоҳам бошанд, иттифоқоти зиндаги тарзе ки ман мехоҳам бошанд.
Ҳамаш дам аз ман заданҳо...
Хуб маълум аст мудом сар ба дари баста мехурад.
Онҳо ки аҳли сулҳанд бурданд зиндагиро,
Он нокасон бимонанд дар ҷанги зиндагонӣ.
🌴🌃🌹🌹🌹🌹🌃🌃❤🌃🌃🌹🌹🌹🌹🌃🌴
Шаб ба хайр !
🌴🌃🌹🌹🌹🌹🌃🌃❤🌃🌃🌹🌹🌹🌹🌃🌴
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 46