Предыдущая публикация
Диле аз ғуссаҳо саршор , яъне .
Туро ман дӯст медорам, валекин ,
Кунам дар пеши ту инкор , яъне .
Ҳазорон сарҳади беэътиноӣ ,
Ба роҳи ишқи ноҳамвор , яъне .
Туву меҳри сафарҳои зиёде ,
Мусофир гаштанат бисёр яъне .
Ману чашме ба роҳу интизорӣ ,
Дар ин шаҳри ғаму озор , яъне .
На занге не паёми узрхоҳӣ ,
Ту аз ҳиҷрони ман безор , яъне .
Ғазалгуфтору шоирпешаи мо,
Шуда ҳангомаи бозор , яъне .
Муборак бод ошиқ гаштани ту !
Ту ҳам монанди мо ғамдор , яъне :
Муҳаббат чист ? Чашмони ману ту ,
Даруни дафтари ашъор , яъне.........(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Ишқ ҳам дар дили ман мемирад .
Ту набоши дили ман тор шавад ,
Ҷисми ман хастаю безор шавад .
Ту набошӣ ҳама гулзори ҷаҳон ,
Хусни худро накунад ҳеҷ аён .
Ту набошӣ дилам аз беобӣ ,
Хушк гардад , ту гули серобӣ .
Ту набошӣ лаби ман хандон нест ,
Ҷуз ту дар даҳр ба дил армон нест .
Бошӣ як умр ба пеши назарам ,
Бар тую руи хушат менигарам .
Раҳм кун , бо мани ғамдида бимон ,
Мушкили қалби маро кун осон .
Ту набошӣ нафасам мегирад ,
Ишқ дар синаи ман мемирад .