Предыдущая публикация
Ошиқам карда вале бе эътиноӣ мекунад
Бевафо бо ин ки медонад дилам даргири ӯст
Мисли як бегона ӯ аз ман ҷудоӣ мекунад
Дил ба савдои касе ҷуз ӯ намегӯяд сухан
Дар дили ман ӯ фақат фармонравоӣ мекунад
Орзу кардам бимонад , дар канори ман намонд
Ман намедонам чаро ӯ бевафоӣ мекунад
Бо вуҷуди ин ки меозорад ин дилро вале
Дил маро ҳамроҳ самташ раҳнамоӣ мекунад
Чанд рӯзе мешавад аз ӯ надорам як хабар
Ғам даруни синаам зӯрозмоӣ мекунад
Шаб ки меояд дилам ором мегирад каме
Шаб маро даргири хиссе мову ройи мекунад
Осмон ҳамсуҳбати моҳ асту механдад вале
Моҳи ман пас эй Худо кай рӯнамоӣ мекунад ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7
Дар чашм бубастаӣ раҳи хоби маро.
Дар дашти самои ишқ раҳ гум кардам,
Бигрифта буданд баски маҳтоби маро.
Дидем хазон аст , хазон асту хазон аст .
Ин ҳама барги хазон аз хубии худ мебинам...
Туро ман дӯст медорам, валекин Кунам дар пеши ту инкор яъне.
Ҳазорон сарҳади беэътиноӣ Ба роҳи ишқи ноҳамвор яъне.
Туву меҳри сафарҳои зиёдеМусофир гаштанат бисёр яъне.
Ману чашме ба роҳу интизорӣДар ин шаҳри ғаму озор яъне.
На занге не паёми узрхоҳӣТу аз ҳиҷрони ман безор яъне?
Ғазалгуфтору шоирпешаи моШуда ҳангомаи бозор яъне.
Муборак бод ошиқ гаштани ту!Ту ҳам монанди мо ғамдор яъне.
Муҳаббат чист? Чашмони ману ту Даруни дафтари ашъор яъне.
Умри дарози манӣ , боз биё , боз , боз !
Дар шохаи ғам булбули дилсухта моем .
Дар мадрасаи ишқи ту афтода зи поем ,
Дарси аламу дурият омухта моем .
Парвонаи парсухтаи бепару болем ,
Наншаста ба базми тарабе , сухта моем .
Сабр аз дили мо бурдию мо тоб надорем ,
Ду дида ба гулхандаи ту духта моем .
Аз давлати худ пеши касе ҳеҷ наболем ,
Ҷуз ҳасрати дил ганҷ наяндухта моем .
Нурему надорем ба ҷуз оташи оҳе ,
Дар базми вафо шуъла барафрухта моем .
.......
Дур ҳастӣ зи ману пеши назар меоӣ,
Бо ҳамон чеҳраи чун нури саҳар меоӣ.
Наравӣ дур ягон сония аз дидаи чор,
Ман шумурдан натавонам, чи қадар меоӣ.
Дили ман гум занад аз шарфаи пои гузарон,
Ба хаёлам, ки ту ин дам паси дар меоӣ.
Бе ту дар ҷавҳари маънӣ ҳама ҳарфам шӯр аст,
Намаки шеъри маро шаҳду шакар, меоӣ?
Нав ба қадри ту расидам, гули гумгаштаи ман,
Пеши рӯ карда маро, бори дигар меоӣ?
Ҷон агар рафт, дигар ҳеҷ нагардад вопас,
Ту, ки худ ҷони манӣ, боз магар меоӣ.