Чӣ мегӯед, ай мардум, куҷо бошад дили зорам?
Ки ман овораи худро ба маҳди сина биспорам.
Шунидам, ки сагони кӯча метозанд дунболаш,
Дили берӯзиам, бечораам, бесоҳибам, хорам!
Агар бори дигар орам ба даст он кӯчагардамро,
Дигар аз синаи тангаш бадар рафтан набигзорам.
Чаро беҳуда мепӯяд замини бевафоиро,
Ба сад гаштан намеёбад вафодоре фидокорам.
Фидои пинаи пояш, кунам ҳар ҷо, ки пайдояш,
Ба бӯса аз кафи пояш ҳазорон пина бардорам.
Дар оғӯшаш кашам, пурсам: Фирор оварданат аз чист?
Киро дорӣ дар ин олам, дар ин олам киро дорам?
Чӣ мегӯед, ай мардум, дили зорам куҷо бошад?
Дили зорам, дили зорам, дили зорам, дили зорам!
Намегӯеду мегӯям, намеҷӯеду меҷӯям,
Дили девонаи худро ман, охир, дӯст медорам!
ДАВЛАТИ РАҲМОНИËН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев