Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест,
Сари моро ба ҷуз ин дар, ҳаволагоҳе нест.
🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍁🍁🍁🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂
Ассалому алайкум дӯстон ва ҳаводорони ин гуруҳи дилписанд.
Субҳи поизии шумо азизон ба хайру шодӣ бошад...
Бошад , ҳамон гунае, ки рақси барг, бар боди тунди поизӣ замингир мешаванд, дилтангиву ғаму кулфатҳо хоколудаву замингир шаванд.
Бошад ки шодиҳо ҳамонанди лабханди хуршед дар чеҳраҳо ҳамеша шукуфо бошад...
Бошад ки танҳо бе дарду ҳоли хуб ҳамнишини танҳо бошад !!!....
🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼
Ҳусни зеборо ҳаё сад чанд зебо мекунад,
Оламеро бе ҳаё бо ҳилла расво мекунад.
Бо ҳазор найранг худро худситоӣ кардаанд,
Зиндагиро содагӣ, баҳ- баҳ чи зебо мекунад.
Гар надори хулқи нек, аз ҳусну зебоӣ магӯ,
Ҳусни зеборо замин бо хок якҷо мекунад.
⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅⛅
Эй гул! Ба ту эҳтиёҷ дорад дили мо,
Олам ҳама аз зардии поиз пур аст !
🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴
Дӯстам !...
Зиндагӣ якеро меорад,
Якеро мебарад...
Якеро месӯзад,
Якеро месозад...
Якеро нӯш медиҳад,
Якеро неш мезанад...
Вақт ғанимат аст.
Бо ҳама дӯст,азиз, ғамхор, меҳрубон бояд буд.
Зинҳор аз ҳаловати дунё махур фиреб,
То зиндагият талх нагардад, зи қанди ӯ.
(Бедил)
Фалак ҳамеша ба коми яке намегардад,
Ки осиёи табиат ба навбат аст, эй дӯст.
(Шаҳриёр)
🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 66