Зулфи мушкини ту як умр тааммул дорад,
Натавон сарсарӣ аз маънии печида гузашт.
Ассалому алайкум....
Шому шабатон пур аз оромиши маҳз !
🌴🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌕🌕🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌴
Таслим будан дар баробари иродаи Худованд, аз назари як дарвеш.
Гуфтанд; ба як дарвеше ҷаҳонро чигуна мебинӣ?
Гуфт: Худоро шукр, рудхонаҳо аз ҳамон ҷо ҷорӣ мешаванд, ки ман мехоҳам...
Борон ҳамон рӯзе меборад, ки ман мехостам...
Ҳатто бачаам ҳамон рӯзе мурд, ки ман мехостам.
Гуфт: читавр чунин чиз мумкин аст?
Гуфт ман иродаи худро дар иродаи Ӯ гум кардам, ҳарчи Ӯ мехоҳад ман ҳам мехоҳам !
🌿▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️🌿
Ҳела ҳуш дор, ки дар шаҳр ду се тарроранд,
Ки ба тадбир кулаҳ аз сари маҳ бардоранд.
Ду се ринданд, ки ҳушёрдилу сармастанд,
Ки фалакро ба яке арбада дар чарх оранд.
Сарди ҳонанд, ки то сар надиҳӣ, сирр надиҳанд,
Соқиёнанд, ки ангур намеафшонанд.
Ёр он сурати ғайбанд, ки ҷон толиби Ӯст,
Ҳамчу чашми хуши Ӯ хирракушу беморанд.
Харфурӯшона яке бо дигаре дар ҷанганд,
Лек чун вонигарӣ муттафиқи як коранд.
Мардумӣ кун, бирав аз хидматашон одам шав,
З-он ки ин мардуми дигар мардумхоранд.
▪️▪️▪️
Ошиқонатарин ояи Худо ба инсон :
Ҳамаи дунёро барои ту офаридам
Ва туро барои худам .....
То фардо худо ёратон!
🌴🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌑🌑🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌴
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 59