Мегӯянд дар замони қаҳтӣ кишоварзе пеши осиёбоне меравад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки то миқдоре гандум барояш қарз бидиҳад, то ки бачаҳояш гурусна намонанд. Ва осиёбон дар як борхалтае миқдоре гандум мерезаду гиреҳ мезанаду ба ӯ медиҳад.
Ва кишоварз дар масири баргашт мегӯяд:
—Худоё! Гиреҳ аз ин сахтиҳо боз кун, гиреҳ аз ин фақр, гиреҳ аз ин бӯҳрон ва гиреҳ аз ин мушкилоти зиндагиям боз кун. Ҳамин гуна, ки гиреҳ-гиреҳ мекард, ногаҳон гиреҳи борхалтааш боз шуд ва ҳамаи гандумҳо ба замин рехтанд. Кишоварз, ки ин саҳнаро дид, чашмонаш пур аз ашк шуд ва гуфт:
—Худоё! Ман аз ту хостам гиреҳҳои зиндагиямро боз кунӣ, он вақт ту ба ҷои он гиреҳи борхалтаамро боз кардӣ ва танҳо дороиямро аз ман гирифтӣ. Ҳоло ман ҷавоби бачаҳоямро чӣ бидиҳам. Ва бо чашмони гирён шурӯъ кард ба ҷамъ кардани гандумҳо, ки ногаҳон зери ҳамон гандумҳо як халтачае пур аз зар пайдо кард. Хеле хушҳол шуд ва бо шармандагӣ ба Худо гуфт:
—Худоё! Маро бибахш, ки нафаҳмидам рехтани гандумҳо ҳикмате дорад!
БОРОНИ АНДЕША 🕊️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1